​Семинари илмӣ-намунавӣ

Дар кафедраи умимидонишгоҳии информатика семинариилмӣ – намунавӣ бо иштироки омӯзгорони кафедраи умумидонишгоҳии фарҳангшиносӣгузаронида шуд. Чорабиниромудири кафедра Инобат Икромова оғоз бахшида, зикр намуд, ки масъалаибаландбардоштанисатҳу сифати дониш, хосатан рушди тафаккури техникӣ дар меҳвари фаъолияти Донишгоҳ қарор дошта, дар тарбияи мутахассисони ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ эътибори ҷиддӣ дода мешавад.

Дар семинар омӯзгори фанни технологияи иттилоотӣ муаллима Каримова Г. баромад намуда, оид ба омӯзиши роҳҳои истифодабарии тахтаиинтерактивӣдармашғулиятҳои таълимии омӯзгорон ба шунавандагон маълумот дод.

Мақсади асосии фаъолияти семинар дар амал татбиқ намудани сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллиӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди технологияи информатсионӣ, баланд бардоштани маърифат ва дониши илмиву техникӣ устодон маънидод гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ