Семинар: Вазифаҳои асосии таълимӣ таҳсилоти фосилавӣ

Бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии информатика дар факултети “Таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус” бо иштироки донишҷӯёни курси якуми таҳсилоти фосилавӣ семинари таълимӣ-методӣ дар мавзӯи “Вазифаҳои асасии таълимӣ таҳсилоти фосилавӣ” баргузор гардид.

Дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии информатика Инобат Икромова дар баромади худ зикр намуд, ки дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров бамасъалаибаландбардоштанисатҳу сифати дониш ва тарбияи мутахассисони ба талаботи замони имрӯза ҷавобгӯ эътибори ҷиддӣ дода мешавад.

Ҳамчунин дар семинар дотсент Инобат Икромова дар бораи саҳифаи донишҷӯён, кори система, супоридани рейтингҳо, истифода бурдани китобхонаи электронӣ, имконияти ташкили мубоҳиса, алоқаи доимӣ бо устод ва иваз намудани рамз, расм маълумотҳои иловагӣ дода басаволҳои иштироккунандагон посухҳо мушаххас дод.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ