Семинар: Усули таълифи мақола ва рисолаҳои илмӣ

Бо ташаббуси садорати факултети забонҳои шарқ дар доираи ҳафтаи илм семинари илмӣ – амалӣ бо иштироки васеи устодону донишҷӯён, магистрантону докторантон ва унҷонҷӯён ташкил ва баргузор гардид. Семинарро номзади илмҳои филолгӣ, дотсент Муътабар Шарипова ифтитоҳ намуда, аз ҳадафҳои он ёдовар шуд.

Сипас, иштирокчиён перомуни мавзӯҳои “Роҳ ва усули таълифи рисолаҳои илмӣ”, “Навгониҳои илмии КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва банду басти ҳуҷҷатҳо” баромад намуда, ҷиҳати баъзе тағиротҳои воридгардида дар ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва ба талаботи ҷомеаи муосир ҷавобгӯ дар КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта дар самти таълифи диссертатсияҳои илмӣ иситода гузаштанд.

Дар фарҷом миёни иштирокчиён перомуни мавзӯҳои баррасишаванда баҳсу мунозираҳои судманд ҷараён гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ