​Семинар: Ташкили бозиҳои таълимӣ дар дарсҳои забони англисӣ

Дирӯз дар кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисӣ семинари навбатии таълимӣ-методӣ бо роҳбарии мудири кафедра дотсент Азимова С.Р. гузаронида шуд. Дар кори семинар сармуаллими кафедра Файзиева М.Н. дар мавзӯи “Нақши бозӣ дар ҳавасмандгардонии толибилмон дар омӯзиши забонҳои хориҷӣ” баромад намуд. Мавсуф дар маърӯзааш доир ба муҳимияти ташкили бозиҳои таълимӣ дар дарси забони англисӣ ва вазифаҳои он дар раванди фаъолияти таълимӣ маълумот муфассал дод. Қайд гардид, ки истифодаи бозиҳо дар раванди дарс барои ҳавасмандгардонӣ ва такмили малакаҳои гуфтугӯӣ ва шунавоии донишҷӯён мусоидат мекунад.

Ҳадаф аз гузаронидани семинари таълимӣ-методӣ кафедра инмуттаҳид намудан ва самаранок истифода бурдани неруи таълимӣ ва методии ҳайати профессорону омӯзгорон барои баланд бардоштани сатҳи сифати таълим, муҳокимаи масъалаҳои истифодабарии шаклҳои фаъол ва интерактивии таълим маҳсуб меёбад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ