​Семинар – машварат

Бо ташаббуси омӯзгорони кафедраи педагогикаи умумӣ дар факултети физика ва техника семинар – машварат баргузор гардид. Ташаббуси мазкур аз ҷониби омӯзгори навовар, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф Муҳаммадҷон Зарифов ба роҳ монда шуд.

Дар кори семинар устодону донишҷӯён иштирок намуда, доир ба роҳҳои баланд бардоштани шавқи дарсомӯзии хонандагон маълумот пайдо намуданд.

Гуфта шуд, ки вазифаи асосӣ дар фаъолияти омӯзгорӣ идора кардани раванди таълим, тарбия, инкишоф ва ташаккули насли наврас аст. Муаллим вазифаи худро амиқ дарк кунад, ҳамон вақт ба талабагони худ имконияти мустақилӣ, ташаббускорӣ ва озодӣ дода метавонад. Ин вазифа, пеш аз ҳама, ба фаъолияти навоваронии омӯзгор вобастагӣ дорад.

Ҳамзамон, миёни иштирокчиён суолу ҷавоб ва табодули афкор сурат гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ