​Семинар: Мақсад ва вазифаҳои асосии таълими таҳсилоти фосилавӣ

Дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус семинар - машварат барои донишҷӯёни курси 2-юми таҳсилоти фосилавӣ доир ба фаҳмонидани мақсад ва вазифаҳои асосии таълими таҳсилоти фосилавӣ баргузор гардид.

Декани факултет дотсент Усмонзода Даврон доир ба масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати дониш ва иштироки ҳатмии донишҷӯёни таҳсилоти фосилавӣ дар равандӣ машғулиятҳо ибрози назар намуд.

Доир ба масъалаҳои саҳифаи донишҷӯён, кори барномаи фосилавӣ, супоридани санҷишҳои марҳилавӣ, боргирӣ ва истифода самараноки маводи таълимӣ ва китобхонаи электронӣ, имконияти ташкили мубоҳиса, алоқаи доимӣ бо устод ва иваз намудани рамз - Парвиз Нематов муовини декан оид ба таҳсилоти фосилавӣ маълумот дод.

Ҳамчунин бо муаррифӣ оид ба истифодаи сомонаи фосила (Fosila.ksu.tj) ба иштирокдорон иттилоъ пшекаш гардида, донишҷӯён ба саволҳои худ ҷавобми мушаххас гирифтанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ