​Семинар: Идора намудани қисмҳои диски сахт

Семинари таълимӣ-методӣ навбатии кафедраи умумидонишгоҳииинформатика бо иштироки васеи устодон доир гардид.

Ба кори семинар мудири кафедра дотсент ҲусейнбойАҳмедов оғоз бахшида, аз мақсади ва ҳадафҳои асосии он ёдовар шуд. Зикр шуд, ки ҳадафҳои асосии фаъолияти семинари таълимӣ-методӣ дар назди кафедраи умумидонишгоҳии информатика ин дар амал татбиқ намудани сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди технологияи информатсионӣ, ҷомеаи иттилоотӣ, дастгирии ҷавонони эҷодкор, тарбияи ахлоқии ҷомеа, баланд бардоштани маърифат ва дониши илмиву техникӣ ва фарҳангӣ устодону донишҷӯёни донишгоҳ,ба роҳ мондани иртиботи илмиву техникии олимони донишгоҳ бо намояндагони марказҳои илмии кишвар, технологияҳои захирасозӣ, ҷустуҷӯӣ ва мураттабсозии иттилоот мебошад.

Дар семинар дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии информатика Маҳфуза Абдуллоева дар мавзуи “Идора намудани қисмҳои диски сахт дар Windows 7” баромад карда, дар бораи ба қисмҳои иловагӣ ҷудо намудани диски сахт (винчестер), идоракунии диск, сохтани қисмати диск, коҳиш додани ҳаҷми диски асосӣ, аз назар гузарониданимаълумотҳои диск, фаҳмидани ҷои холӣ ва бандшудаи диск маълумот дод.

Баргузории семинарҳои илмӣ-методӣ дар назди кафедраҳои донишгоҳ ҷиҳати баланд бардоштани донишҳои назариявию амалӣ, тафаккури техникии устодону донишҷӯён ва саҳмгузоштан дар эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” муҳим арзёбӣ мегардад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ