Семинар: Хазинаи ҳикмат

Тибқи нақшаи чорабиниҳои илмии кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа ҳар моҳ семинари илмии «Хазинаи ҳикмат» баргузор мегардад. Дар робита ба ин дирӯз маҳфили илмии мазкур баргузор гардид.

Нахуст устоди кафедра дотсент Зумрадхон Ҳакимова дар мавзуи «Рушди илм дар даврони истиқлолият» маърӯза ироа намуд. Дар маърӯза дастовардҳои замони истиқлол дар соҳаи илм мавариди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Ҳамчунин доир ба ҳолат ва дурнамои муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ маълумот дода шуд.

Сипас дотсент У.Абдулатипов ва сармуаллима Д.Ботурова перомуни мавзуи баррасишуда фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳадаф аз ташкили семинар пеш аз ҳама тақвияти корҳои илмии кафедра ва рушди илм маҳсуб меёбад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ