​Семинар: Гузоштани сиркалима ба диски қаиш тавассути BitLocker

Дар кафедраи умумидонишгоҳии информатика семинаи семинари таълимӣ-методӣ бо иштироки васеи устодон доир гардид.

Нахуст, мудири кафедра дотсент Ҳусейнбой Аҳмедов ба семинар ҳусни оғоз бахшида, иштирокдоронро бо барнаи он ошно сохт. Қайд шуд, ки ҳадафҳои асосии фаъолияти семинари таълимӣ-методӣ дар назди кафедра ин дар амал татбиқ намудани сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди технологияи информатсионӣ, ҷомеаи иттилоотӣ, дастгирии ҷавонони эҷодкор, тарбияи ахлоқии ҷомеа ва баланд бардоштани маърифати илмиву техникӣ устодону донишҷӯён маънидод шуд.

Дар семинар дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии информатика Инобатҷон Икромова дар мавзуи “Гузоштани сиркалима ба диски қаиш ва флешкарта тавассути BitLocker” баромад карда,дар бароимуҳофизат намудани дискҳо ва флешкартаҳо аз мақсадҳои ғаразнок инчунин маълумоти заруриро нигоҳ доштан тавассути барнома маълумот дод.

Ташкилу баргузории семинар ҷиҳати баланд бардоштани донишҳои назариявию амалӣ, тафаккури техникии устодону донишҷӯён ва саҳм гузоштан дар эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф” муҳимарзёбӣ мегардад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ