Се соли мардумфиребӣ ва фаъолияти хоинонаи паймони миллӣ

Баъди соҳибистиқлол гардидани худ Тоҷикистон ба гирдоби муноқишаҳои дохилӣ дучор гардид, ки дар натиҷаи низоҳои дохилӣ дар мамлакат оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга гирифта, давлати тозаистиқлоли тоҷикон ба коми ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ кашида шуд.

Яке аз омилҳои асосии оғози ҷанг дар мамлакат ин мансабталабии ашхоси муайяне ба ҳисоб мерафт, ки ин ашхостаҳти сарпарастии хоҷагони хориҷии худ ба хотири манфиатҳои шахсии хеш ба миллату давлат хиёнат намуда Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба гирдоби хун олуда сохтанд. Имрӯз низ пайравону косалесони ҳамон душманони миллат дар зери қаноти хоҷагони хориҷии худ ба хотири қути лоямуте, ки мисли садақа ба онҳо дода мешавад пайваста ба бадгӯиву тӯҳмат нисбат ба давлату ҳукумати Тоҷикистон ҳастанд.

Сарварии ин гурӯҳи хоину хонахаробгаштаро Муҳиддин Кабирӣ ва Иқболбий бар ӯҳда доранд, кичеҳраи маъхуфи онҳоро тамоми мардуми тоҷик ҳамчун хоин ва ватанфурӯш ҳеҷ гоҳ аз ёд намебарорад.

Ҳама хуб медонанд, ки онҳо ки буданд ва то кадом андода қадру қимати одамгарӣ доранд. Мардуми тоҷик имрӯз ба дараҷае расидааст, ки сафеду сиёҳро аз ҳамдигар фарқ карда метавонад ва ҳеҷгоҳ ба доми чунин хоинону мардумфиребон намеафтад.

Санаи 5-уми сентябри соли равон Созмони террористиву экстремистии “Паймони миллӣ”сеюмин солгарди фаъолияти худро таҷлил кард. Зимни тамошои навори видеоӣ шоҳиди он гардидем, ки фаъолияти ин созмони шармандаву ноком барои мардуми тоҷик ягон натиҷаи мусбат надорад. Зимни суханронии роҳбари палиди ин созмон Муҳиддин Кабирӣ маълум гардид, ки гӯёнамояндагони ин созмони ғайриқонунӣ барномаеро омода намудаанд ва мехоҳанд Ҳукумати Тоҷикистон аз рӯи барномаи онҳо амал намояд. Аммо роҳбарияти Тоҷикистон ба барномаи омода намудаи ин гурӯҳи хоину ватанфурӯш ягон эҳтиёҷе надорад. Аз суханрониҳои намояндагони ҳаракати террористии Паймони миллӣ маълум мегардад, ки онҳо душмани миллату давлати тоҷикон буда, мақсади ниҳоии онҳо танҳо гирифтани ҳокимият аст. Таърих гувоҳ аст, ки дар ибтидои солҳои 90-ум онҳо ҳокимияти худро дар Тоҷикистон ташкил намуда буданд. Аммо баҳри беҳбудии ҳаёти мардум амалан ягон чорае наандешиданд. Балки аз дасти ин гурӯҳи золиму бевиҷдон ҳазорон нафар ҳамватанони мо ҷони худро аз даст доданд. Ҳамин тариқ имрӯз душманони миллати тоҷик бо ҳар роҳ мехоҳанд номи давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро сиёҳ созанд. Аммо мардуми тоҷик дарк намудаанд, ки М. Кабирӣ ва ҷонибдорони ӯ хоинони миллатанд ва амалҳои иғвогаронаи онҳо баҳри пайдо кардани ҷонибдорони зиёдтар буда, ҳеҷ нафъе барои миллату давлати тоҷикон надорад. Ва имрӯз ин хоинони миллат, ки дар хориҷи кишвар таҳти пуштибонии хоҷагони хориҷиашон қарор доранд доим дар пайи сиёҳ кардани давлату ҳукумати Тоҷикистон ҳастанд ба ҷуз мансабталабию амалҳои хоинона дигар ягон нафъе барои миллати тоҷик надоранд.

Муҳамадизода М. - омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии таърихи халқи тоҷик

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ