Шаҳрвандони фаъолу содиқ бошем!
Боре дар маҳфили ҷавонони баркамоли дорои оилаю мақомимуайян дар ҷомеа иштирок намуда давоми сӯҳбату ошкоро ва мубоҳисаҳои тӯлонӣ аз ин нишаст барои худ андешаҳои ҷолиб бардоштам, ки баъзеи онҳоро мехостам баён созам.
Дар ҷомеаи муосир ҳаёт суръати баланд дораду ҳамаи қишрҳои ҷомеа, хусусан насли наврасу ҷавони бохабар аз технологияҳои навин дар баҳри иттилоотӣ ғӯта мезананд. Дарёфти ахбороти дақиқу фасеҳ дар олами мавҷудаи иттилоот аз фард заминаи мустаҳками дониш, мафкураи васеъ, маҳорати интихоб, таҳлили чуқури воқеӣ ва истеъдодҳои дигарро тақозо менамояд, ки аксаран сабаби асосии гаравидани ҷавонон ба ин ё он ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ мешавад. Зеро, дар манбаҳои иттилоотӣ бештар муғризони ифротӣ фаъол мебошанд, ки “мағзшӯйи” – и ҷавононро барои худ мақсади нопок интихоб кардаанд.Масалан,тавассути даҳҳо саҳифаву сайту блогҳо ҷору лоф задани садогӯякониташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати Ислом далолати палидию разилии ин тоифаи ифротгаро мебошад, ки муқовимат ба ин даъватҳои муғризона, хусусан барои наслу ҷавон корисаҳл нест. Зеро, наҳзатиёни ватану мазҳабфурӯш ғайр аз ҷалби соддалавҳон ба ҳаракатҳои ифротгаро ва истифодаи минбаъдаи онҳо дар расидан ба ҳаракатҳои нопоки худ дигар ният надоранд.
Ҳамсӯҳбатӣ бо ҷавонони даврони муосир мафкураи маро оид ба онон куллан дигаргун сохт. Дарк кардаму беихтиёр қоил гаштам, ки насли ҷавон аллакай ба фарқияти некону бадон дар зиндагӣ мерафтаасту ҳисси худогоҳии миллӣ, меҳанпарастӣ, муҳаббат ба падару модар, оилаю фарзандон, Ватани маҳбуб дар мафкураи онон хуб нақш ёфтааст. Маълум гардид, ки дар байни ҷавонон фарди бефарқ ба тақдири имрӯзаю фардои ҷомеаи мутамаддуни тоҷик аҳён вомехӯрад ва аксарияти кулли ҷавонон ба Ватани худ меҳри баланд доранд, душманро аз дӯст хеле хуб ҷудо карда метавонанд, алалхусус, нотарсу ҷасуранд. Ин хулқу атвор ва тафаккури солими ҷавонон заминаи боэътимоди абадияти соҳибистиқлолии кишвар мебошад, ки барои насли калонсол мояи ифтихор ва осудагӣ аз дурнамои Ватан мебошад. Зеро,боварӣ ҳосил кардам, ки даврони истиқлолияти давлатӣ дар Ватани бемисламон – Тоҷикистон насли содиқи Ватан –Модар ба камол расидааст. Бо арзи сипос ба волидайнуустодони аксарияти ҷавонони имрӯза итминон дорам, ки қишри солими ҷомеа муқовимату муборизаро бар зидди ифротгароён тақвият медиҳад, ва сулҳу амонӣ, оромиву осудагӣ дар кишвари биҳиштосоямон абадан боқӣ мемонад. Сиёсати созандагиву бунёдкориро пешаи асосииҳаёт қарор додаему дар партави сиёсати хирадмандонаи роҳбариятиолии кишвар саодату хуррамӣ интизори мост.
Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”