​Шарҳи нуктаҳои Паём

Бо ташаббуси факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус бо иштироки донишҷўёни шуъбаи фосилавӣ мулоқот доир гардид. Ин иқдом ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳимтарини Паём ба роҳ монда шуд.

Гуфта шуд, ки Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳидоятгари мардуми тоҷик буда, дар амри расидан ба зиндагии шоистаи сокинон ҳуҷҷати роҳнамо аст.

Дар доираи ин ташаббус ба донишҷӯён муҳтавои Паём шарҳ дода шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар мулоқоти мазкур 78 нафар донишҷӯён иштирок намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ