​Шарҳи нуктаҳои муҳими Паём

Ҷиҳати шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми Президенти мамлакат, ки рӯзи гузашта ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, дар кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ ҷаласа доир шуд.

Абдунаим Бердишукуров, мудири кафедра дар бораи нуктаҳои муҳимтарини Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуд. Номбурда дар бораи аҳамияти Паём ибрози назар карда, онро ҳамчун дастури созанда роҳнамои халқ унвон кард.

Таъкид гардид, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди тоҷик давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон, ҷойгоҳи масоили илму маориф дар Паём зимни доираи ҷаласаи кафедра мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Гуфта шуд, ки давлату Ҳукумати мамлакат соҳаи маорифро соҳаи афзалиятноки фаъолияти худ қарор дода, бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат тамоми нерўю тавоноии хешро ба ин самти ҳаётан муҳими кишвар равона карда, барои таълиму тарбияи босамари хонандагону донишҷўён дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ иқдомҳои заруриро рўйи кор оварда истодааст.

Мудири кафедраи умимидонишгоҳии сиёсатшиносӣ аз омӯзгорон даъват ба амал овард, ки Паёмро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, онро ҳамчун дастури созанда дар зиндагӣ татбиқ намоянд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ