Сарҳад бояд дар меъёрҳои қонунӣ бошад
Воқеаи рухдодаи санаи 27 январи соли равон дар назди сарҳадоти ду кишвари ҳамсоя Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки боиси ҳалокати шаҳрвандони Тоҷикистон гардидааст, ҳар як моро бетараф гузошта наметавонад. Аз воқеаи рухдода бармеояд, ки Қирғизистон ба сарзамини тоҷикон минтақаи Ворух бо мақсадҳои ғаразноки худ, яъне тасхири ин макон кўшиш ба харҷ дода истодааст.
Албатта, ин ба вазъи сиёсиву иҷтимоии ин кишвар робитаи қавӣ дорад. Зеро ташаннуҷи муносибатҳои ғаразноки онҳо дар солҳои гузашта тадриҷан руи кор омада буд ва аз тарафи ҳокимияти ҳарду кишвар барои бартараф кардани вазъи ташаннуҷовар чораҳои дахлдор қабул ва амалкарда мешуд. Бо баробари ба сари қудрат омадани роҳбарияти имрўзаи Қирғизистон ин ҳолат на ба беҳбудӣ балки беш аз беш ташаннуҷовар карда шуд.
Дар интихоби президент мардуми қирғиз озод ҳастанд, вале сиёсати ҷорӣ намудаи собиқ президентон ба роҳбарони имрўза маъқул набуда, бештари санадҳои ба имзорасидаи масъалаҳои сарҳадӣ бекор карда шудаанд. Аз ин лиҳоз, он ба хараҷу мараҷи сарҳадоти байни ду кишвар сабаб гардидааст.
Дар расонаҳои интернетӣ тарафи Қирғизистон ҳарчанд ҳодисаи охирро худ саркардаанд, мардуми тоҷикро муттаҳам карда, моро ҳамчун яғмогару аҳдшикан муаррифӣ карда бо ҳамин ҳисси нафрату адовати халқи қирғизро бар зидди мардуми тоҷик бармангезанд. Маълум аст, ки чунин амали онҳо барои дастгирнии ҳокимияти имрўзаи кишварашон равона карда шудааст, то диққати мардуми қирғиз аз он масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоии дохилӣ фақат ба проблемаи сарҳадот банд шавад.
Ҳанўз Арасту - файласуфи Юнони қадим доир ба сохти давлату давлатдорӣ ибрози назар карда сирри ин гуна сиёсатбозиҳоро кушода буд. Ў қайд мекунад, ки ҳокими золим барои манфиатҳои ғаразноки хеш ва муттаҳид кардану ба ў вобаста шудани халқаш кўшиш ба харҷ медиҳад, ки душмани хориҷиро офарад ва бо он дар набард бошад, то халқ ба аҳволи бади иҷтимоии худ нигоҳ накарда, фақат дар аторфи вай муттаҳид бошад ва сиёсати ўро амалӣ созад.
Ба назари мо, чунин ҳолат ба ҳокимияти имрўзаи қирғиз хеле рост меояд.
Раиси кумитаи амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ятимов С. таъкид ба амал оварданд, ки риояи санадҳои меъёрии дар асоси созишнома баста шуда, бояд қатъӣ риоя карда шавад.
Мардуми тоҷик аз азал мардуми сулҳдўсту созандаву инсонгаро ҳастанд, ки чунин хислат аз таърихи куҳанбунёд сарчашма мегирад. Имрўз ҳам мардуми тоҷик марому мақсади созандагӣ дошта дар партави ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омода ҳастанд, ки дар фазои сулҳу осоиштагӣ бо кишвари ҳамсоя – Қирғизистон зиндагӣ намоянд.
Абдулатипов У.Ҳ. - дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии фалсафаи МДТ «ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров»