Саммити ҷашнии Созмони Ҳамкории Шанхай дар Душанбе ва муҳокимаи қазияи Афғонистони

Санаи 18 сентябри соли 2021 дар маҷмааи бошукўҳи "Кохи Наврӯз"-и пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Созмони Ҳамкории Шанхай бахшида ба 20 -умин солгарди таъсиси он баргузор гардид. Дар ҷараёни нишаст дар Душанбе натиҷаҳои асосии фаъолияти ин созмон дар 20 сол, вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои бисёрҷониба дар доираи СҲШ баррасӣ карда шуданд.

То ин дам ба узвияти СҲШ ҳашт кишвар - Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Покистон шомил буданд.

Ин соли ҷашни раёсати СҲШ -ро Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯҳда дошт. Шиори раёсати кишвари мо "20 соли фаъолияти СҲШ: ҳамкорӣ барои субот ва шукуфоӣ" буд.

Дар саммити таҳти раисии Эмомалӣ Раҳмон суханрониҳои сарони давлатҳои узви СҲШ шунида шуд. Аз ҷумла сарвари давлати Россия В. Путин тариқи онлайн таъкид намуд,ки “Ин созмон 20 сол боз бомуваффақият фаъолият дорад. СҲШ яке аз марказҳои бонуфузи меъмории чандқутбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ буда, дар таъмини амнияти минтақаи АвруОсиё, рушди устувори иҷтимоию иқтисодии он ва нигоҳдории сулҳу суботи байналмилалӣ саҳми арзанда мегузорад.”

Дар натиҷаи нишасти ҷашнии СҲШ 30 санад ба имзо расид. Давлатҳои аъзо ҷонибдори рушди ҳамкориҳо дар соҳаи саноат ва кооператсияи саноатӣ дар доираи СҲШ буда, муборизаи якҷояро зидди милитаризатсияи технологияҳои иттилоотӣ арз намуданд.

Сарони кишварҳои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) дар поёни нишаст Эъломияи Душанберо дар бораи 20 -умин солгарди Созмони ҳамкории Шанхай ба имзо расониданд.

"Дар ин санади калидии саммит таҳлили корҳое, ки кишварҳои узв дар тӯли бист соли охир анҷом додаанд, дар бар мегирифт", - гуфт Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар поёни нишаст.

Дар ҷараёни ҳамоиш ҳамчунин санадҳо оид ба тасдиқи барномаи ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм, ҷудоихоҳӣ ва экстремизм барои солҳои 2022-2024, дар бораи тасдиқи нақшаи корӣ оид ба татбиқи нуктаҳои барнома оид ба татбиқи зидди -Стратегияи маводи мухаддир барои солҳои 2018-2023, дар бораи тасдиқи нақшаҳои ҳамкорӣ оид ба таъмини амнияти иттилоотӣ барои солҳои 2022-2023 ва ғайра ба имзо расиданд.

Раҳбарони СҲШ раванди қабули Эронро ба узвияти созмон оғоз карданд, ки дар натиҷаи он ҶИЭ узви комилҳуқуқи Созмон гардид. Инчунин, дар байни30 санади имзошуда се пешниҳоди шомил кардани кишварҳо ба шарикони созмон низ тасдиқ карда шуд. Бино ба маълумоти нашршуда, Қатар, Миср ва Арабистони Саудӣ шарикони нави Созмони Ҳамкории Шанхай шудаанд. Ҳамин тариқ, фазои СҲШ то 21 давлат афзоиш ёфт.

Дар ҷараёни корисаммити СҲШ вохўриҳои дуҷонибаи сарони давлатҳои низ баргузор гаштанд. Масалан Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистон бо раҳбари тозаинтихоби Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ бо ҳам вохўрданд ва маҷмуъи масоили ҳамкории Тоҷикистону Эрон, мавзӯъҳои робитаҳои дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалмро баррасӣ кардаанд. Ҷониби Тоҷикистон оғози расмиёти пайвастани Ҷумҳурии Исломии Эронро ба узвияти Созмони ҳамкории Шанхай истиқбол намуда, изҳори итминон кард, ки робитаҳои муштараки ду кишвар дар ин созмон ба дарёфти роҳҳои нави таҳкими ҳамкории созанда мусоидат хоҳад намуд. Зимни мулоқот ба масъалаи таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ дар чандин бахшҳои ояндадор, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, коммуникатсия, энергетика, саноат, фарҳанг, маориф ва илм, таъмини амният ва дигар арсаҳои барои ҳар ду ҷониб судовар, таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Иштироккунандагони саммит натиҷаҳои кор ва дурнамои ҳамкориҳои минбаъда дар СҲШ, инчунин вазъ дар Афғонистонро баррасӣ карданд. Сарвари давлатамон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ҷаласаи сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай тайи як изҳорот бар масъалаи Афғонистон таваҷуҳи хос дод. Ў таъкид намуд,ки“Мо бо изтироби зиёд изҳор кардем, ки ин кишвар (Афғонистон ) дар остонаи фалокати башардӯстона қарор дорад. Дар ин бора, пеш аз ҳама, маълумоти СММ шаҳодат медиҳанд. .... Сарони кишварҳои узви СҲШ ва СААД зикр карданд, ки режими сиёсии Афғонистон бояд ба ифодаи озодонаи иродаи мардуми афғон такя кунад. Агар муколамаи васеи байни афғонҳо таъмин нашавад, мо метавонем шоҳиди идомаи ҷанги шаҳрвандӣ, нақзи ҳуқуқи башар дар ҳама самтҳо, таҳдиди ба таври оммавӣ рафтани гурезаҳо ба ҳама давлатҳо, аз ҷумла СҲШ ва СААД бошем”. Роҳбари Тоҷикистон афзуд: “зарур аст, ки вазъияти кунунии Афғонистон сабаби табдил ёфтани кишвар ба макони терроризми байналмилалӣ нагардад”.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зарурати тақвияти неруи сохтори зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар робита ба рӯйдодҳое, ки дар кишвари ҳамсояи Афғонистон рух медиҳанд, алоҳида таъкид намуд.

Бояд зикр намуд,ки он чи ки дар Афғонистон рух дода истодааст, бевосита ба манфиатҳои амнияти кишварҳои узви СҲШ таъсир мерасонад. Зеро, як қатор кишварҳои узви ин созмон бо Афғонистон марзи муштарак доранд.

Ба гуфтаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нооромӣ дар Афғонистон амнияту суботро дар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ба таври ҷиддӣ халалдор мегардонад. Масъалаи вазъи Афғонистон дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон боПрезидентиЭрон Раисӣ ҳамаҷониба баррасӣ гаштанд. Сарвари кишварамон зимни нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, ки “Тоҷикистону Эрон таъсиси ҳукумати ҳамашумул ва фарогири манфиатҳои ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва қавму миллатҳои сокини Афғонистонро омили калидии истиқрори сулҳу суботи пойдор дар Афғонистон медонем”.

Чи тавре,киқабл аз баргузории саммити СҲШ Дабири кулли Созмони Ҳамкории Шанхай Владимир Норов таъкид кард Соли сипаришуда ба шарофати амали мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви СҲШ 288 ҷинояти дорои хусусияти террористӣ ва мазҳабӣ-экстремистӣ ифшо карда шуданд.

Бо сайъу кўшишҳои муштарак фаъолияти 78 ячейкаи террористӣ пахш карда шуд, 193 ҷангҷӯ безарар гардонида шуданд, зиёда аз 1100 узви созмонҳои байналмилалии террористӣ ва динӣ-экстремистӣ ва шарикони онҳо боздошт шуданд.

Ҳамаи сарони давлатҳои узви СҲШ таъкид намуданд, ки ҷонибдорӣ ҳарчи зудтар бартараф намудани муноқишаи ҳарбӣ дар Афғонистон ва таъминиистиқрори сулҳ, оромӣ ва субот дар ин кишвари ҷангзада мебошанд.

Ҷўрабек Исомитдинов, номзади илмҳои таърих, дотсент

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ