​Саг аккос мекунад, корвон пеш меравад

Санаи 18 феврали соли равонбарномаи навбатии иғвогароёнаи “Садои мардум”, ки аз ҷониби ТЭ “Гуруҳи 24” омода ва тариқи шабакаи иҷтимоӣ паҳн карда мешавад нашр гардид. Ровии ин барнома яке аз фаъолони ин гуруҳ Беҳруз Тағойзодаи хоини миллат, ватанфуруш мебошад.

Ин барнома бо мақсади паҳн намудани фикру ақидаҳои нопоки худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ омода гардида, дар он факту далелҳои беасос бо мақсади таъсир расонидан ба маънавиёти бинанда ва ба ин васила бедор намудани муносибати душманона ва бадбинӣ нисбати сиёсати имрузаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва паст задани фаъолияти сарвари кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон гуфта шудаанд. Зеро ровии барнома чунин гуфта истодааст: “....Ба гуши мо мехонанд ваъда медиҳанд, ояндаи дурахшон, кишвари саноативу иқтисодиву фарҳангву динӣ, пешрафта, биҳишт ҳамааш окей бошад ба гуфти гапҳо. Оё воқеан мо дар ин гуна кишвар зиндагӣ дорем?, як кишвари пешрафтаро, ки мардумсолор аст, мардум зиндагии хуб доранд, шароити хуб дорад, кишвар ру ба тараққи аст, саноат аст. Барои ин кишвар боз 5 соли дигар лозим аст, ки лоақал мардумаш як зиндагии беҳтар дошта бошад....ин гуна афсонаҳое, ки барои мо мехонанд мо ҷавон ҳастем, мо ҷанг гузаронидем,барои мо ин намуд кишвар чанд соли дигар лозим аст, ки ин низом ин намуд кишвара ба мо бидиҳад, ки ин афсонаҳо реалӣ шаванд....”.

Имруз мардуми кишвар ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон итминони комил дорад ва ба иғвову дасисаҳои ин хоинони миллат ҳнҷ гоҳ фирефта нахоҳад шуд.

Шумо хоинони миллат бояд инро худ дарк намоед ва вақти худро беҳуда барои ноором сохтани ҷомеаи бо овардани факту далелҳои беасос сарф накунед.

Мардуми бофарҳангу бомаърифати миллат ҳеҷ гоҳ ба суханҳои иғвогароёнаи шумо бовар нахоҳанд кард. Зеро имруз кишвари мо ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Имруз Тоҷикистон ба як кишвари дар ҳақиқат пешрафта табдил ёфта,камбудиҳо давра ба давра аз байн рафта истодаанд.

Шумо хоинони миллат онро дарк намоед, ки мардуми тоҷик ҳамеша сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ менамояд ва барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта паҳлу ба паҳлу истода, аз як геребон сар мебардорад ва Тоҷикистон аз ин ҳам пешрафта хоҳад шуд.

Шаҳобиён Ш. – устоди ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ