​Сад ранги чакан

Устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик БобоҷонҒафуров дар даври шаҳрии озмуни “Сад ранги чакан” фаъолона иштирок намуданд.

Иштирок дар фестивали мазкур аз рӯйи 4 номинатсия - либосҳои қадима, рӯзмарра, расмӣ ва идона сурат гирифта, донишгоҳ ба гирифтани 3 диплом ва сипоснома сазовор гардид.

Аз ҷумла, тарроҳони факултети санъати тасвирӣ ва технология Темирова Муяссархон ва Ахмедова Фирӯзахон ба ҷойҳои намоён сазовор ва ҷиҳати иштирок дар даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд

Хотиррасон мекунем, ки озмуни “Сад ранги чакан” ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистоноид ба тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ, инчунин, дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 апрели соли 2022, №11379(25-3), бо мақсади муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик, либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, суръату сифати тоза бахшидан ба истеҳсоли матоъҳои гуногуни миллӣ, аз қабили чакану чакандӯзӣва қарори Раиси вилояти Суғд аз 27 апрели соли 2022 №144“Дар бораи ташкил ва баргузории Фестивали вилоятии “Сад ранги чакан” ба роҳ монда шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ