​Рӯзи сиёсӣ дар факултет

Дар факултети санъати тасвирӣ ва технология чун анъана рӯзи хониши сиёсӣ доир гардид. Ин навбат дар доираи ин ташаббус донишҷӯён сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия ҷиҳати иштирок дар мулоқоти сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) мавриди баррасӣ қарор доданд.

Як қатор донишҷӯён перомуни мавзӯи мазкур ибрози назар намуда, масоили меҳварии мулоқоти мазкурро таҳлил намуданд.

Ҳамзамон, маҳсули эҷоду тасвири донишҷӯён, ки ба озмуни иншои беҳтарин ва расми беҳтарин дар мавзӯи Ваҳдат пешниҳод шуда буд, ба намоиш гузошта шуд.

Ғолибон бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии садорати факултет қадр шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ