​Рӯзи сиёсӣ бахшида ба Рӯзи забон

Дар факултети санъати тасвириӣ ва технология рӯзи сиёсӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Ин ташаббус бо роҳбарии омӯзгори забони тоҷикӣ Сатторова гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур омӯзгорони факултет ва донишҷӯён ширкат варзиданд. Донишҷӯён дар бораи таърихи забон, ҳифзу гиромидошти он сухан намуда, дар васфи забони тоҷикӣ шеъру гуфтор қироат намуданд.

Дар чорабинӣ суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ба тамошо гузошта шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ