​Рӯзи байналмилалии оила: "Оилаи солим – ҷомеаи солим"

Чунин ном дошт чорабинии тарбиявӣ – фарҳангӣ, ки дар факултети забонҳои хориҷӣ доир гардид.

Декани факултет, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Эҳсонзода Малоҳатхон ба чорабинӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, дар мавриди нақши оила дар ҳаёти ҷомеа ибрози назар намуд.

Таъкид гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиларо дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамҷун ниҳоди муқаддас унвон намудаанд, кибеҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташакул меёбад.

Меҳмони чорабинӣ дотсент Неъматуллоева аз зиндагиномаи хеш нақл намуда, ба ҷавонон барои таҳкиму пойдории оила маслиҳатҳои муфид доданд, ҷавононро барои ба ояндаи дурахшон ва устувории оила ҳидоят намудан даъват намуданд.

Духтури оилавӣ Собитова Замирахон доир ба мавзуи меҳварии чорабинӣ баромад карда, аз тарзи зиндагии солим, муносибатҳои байниҳамдигарии аъзоёни оила, ки асоси солимии оиларо ташкил медиҳанд, таъкид дошт.

Хотиррасон менамоем, ки ин иқдом ба муносибати Рӯзи байналмилалии оила, ки ҳамасола 15 май таҷлил мегардад, ба роҳ монда шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ