​Рӯзгори ибратпазири дотсент Неъматулло Ҳикматуллоев

Дар толори факулети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба 50-солагии фаъолияти илмиву омӯзгории Аълочии маорифи Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ Неъматулло Ҳикматуллоев конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Нахуст, декани факултети филологияи тоҷик дотсент Муҳаббат Тиллохоҷаева ҳозиринро хайрамақдам гуфта, иштирокчиёнро бо барномаи конференсия ошно сохт. Мудири кафедраи забони тоҷикӣ, дотсент Мӯсо Олимҷонов дар мавзуи «Муруре ба ҷараёни рӯзгор ва муаррифии осори дотсент Неъматулло Ҳикматуллоев» маърӯза намуда, муҳимтарин нуктаҳоро аз фаъолияти илмиву омӯзгории устод ёдрас шуда, осори Н.Ҳикматуллоевро муаррифӣ намуд. Зикр гардид, ки мавсуф барои илми суханшиносӣ шахси тасодуфӣ набуда, бо меҳнати пайвастаи худ ба ин мақом расидааст. Дотсент Шуҳрат Раҳматов дар мавриди китоби тозанашри дотсент Н. Ҳикматуллоев "Баррасиҳо дар суханшиносии тоҷик" ибрози назар намуд. Сипас, профессор Абдуҷамол Ҳасанзода, дотсент Нурулло Ғиёсов ва бародари Неъматулло Ҳикматуллоев - Саъдулло Кароматуллоев ба сухан баромада, аз беҳтарин хислатҳои устод Н.Ҳикматуллоев ёдовар шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ