​Рушди саноат-омили пешравии мамлакат

Дар факултети физикаю техника тибқи нақшаи чорабиниҳои ҳафтаи илм аз тарафи устодони кафедраҳо конференсияи илмӣ-амалии устодон ва донишҷўён тањти унвони “Рушди саноат-омили пешравии мамлакат” бахшида ба эълон гардидани солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» баргузор карда шуд.

Дар оғози конференсия декани факултет, номзади илмҳои химия, дотсент Парвиз Пўлотов баромад намуда, бакори конференсия ҳусни ифтитоҳ бахшид.

Баъдан, Ҳаким Тошхуҷаев - профессори кафедраи электроника дар мавзӯи «Паём – нерӯи пешбарандаи ҷомеа», Абдулаҳад Қодиров - профессори кафедраи электроника дар мавзӯи “Табдилдиҳандаи энергияи офтоб ва гармӣ дар асоси кремнии истеҳсоли ватанӣ” ва Муҳаммадӣ Раҳматов муаллими кафедраи физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахт дар мавзӯи “Тадқиқоти консертратсияи изотопҳои радиоактивӣ ва металлҳои вазнин дар намунаҳоиаэрозоли атмосфера ва хок дар шаҳри Хуҷанд” гузориш доданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ