​Рушди фаъолияти корҳои тарбия ва кор бо ҷавонон дар донишгоҳ

Таҳти ин унвон дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров семинари тарбиявӣ доир гардид.

Ба ташаббуси мазкур муовинони декан оид ба тарбия, раиси занон, раиси созмони ҷавонон, раиси шӯрои духтарон ва сардорони гуруҳҳои академикӣ ҷалб гардиданд.

Мудири шуъбаи тарбияи раёсати донишгоҳ Бахтиёр Шомирзоев дар мавриди таҳкими фаъолияти самти тарбия баромад намуда, камбудӣ ва мушкилоти ҷориро мавриди баррасӣ қарор дод.

Шеваҳои муосир ва муассири ҷоннок намудани корҳои тарбиявӣ муҳокима шуда, оид ба ин мавзуъ андешаву маслиҳатҳои судманд ироа гардиданд.

Перомуни масоили татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон Хайёмиддин Исмоилов, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ ибрози назар намуд.

Номбурда самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавононро ба риштаи таҳлил кашида, аз нақшу мақоми ҷавонон дар рушду пешрафти ҷомеа ва давлат таъкид дошт.

Гуфта шуд, ки ҷавонон нерӯи созанда ва пешбар маҳсуб ёфта, тараққиёт ва нуфузи ҳар давлат аз сатҳи дониш ва маърифати намояндагони ин қишри фардоафрӯз вобаста аст.

Фарҳанги истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва шеваҳои худмуҳофизатӣ аз таҳдидҳои муосир идомаи мавзуи семинар буд, ки аз ҷониби Хайёмиддин Исмоилов шарҳ ёфт.

Ҳадаф аз семинари мазкур баланд бардошти сифати фаъолияти тарбиявӣ ва ҷалби ҷавонон ба ташаббусҳои созанда унвон мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ