​Роҳу воситаҳои тайёр намудани омӯзгорони оянда

Имрӯздар толори калони раёсатии Донишгоҳ бахшида ба 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 115- солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалии таҳти унвони “Роҳу воситаҳои тайёр намудани омӯзгорони оянда ба корҳои тарбиявӣ дар мактаб” баргузор гардид. Дар конференсия Замира Мансурӣ – намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода –сардори шӯрои уламои дини вилояти Суғд, Муҳаммад Исматдинзода – директори филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар вилояти Суғд, Абдулбоқӣ Нурзода – профессори кафедраи педагогика ва психологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Бегимов Ҳусейнбой – дотсенти кафедраи педагогика ва психологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва намояндагонимарказҳои илмӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбию такмили ихтисос дар вилояти Суғд, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ иштирок намуданд.

Иштиркдорон дар даромадгоҳи толори раёсат аз дастовардҳои илмию методии устодони кафедра педагогикаи умумидонишгоҳӣ ки ба намоиш гузошта шуда буд, дидан намуданд.

Конференсияро ректори Донишгоҳ, профессор Усмонзода Аюб Ислом ифтитоҳ намуда, қайд намуд, ки дар сиёсати дурбинона ва хирадсолоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф ҳанӯздар солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои афзалиятноки ҷомеа эътироф гардида буд. Пешвои миллат дар ҳамаи нутқу гузоришҳои хеш пеш аз ҳама ба муҳиммияти маориф, бахусус раванди таълиму тарбия ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи омӯзгорӣ изҳори мулоҳиза намуда, дар давоми 32 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи ислоҳоти соҳаи маориф ва бо ин роҳ боло бурдани сатҳу сифати таҳсилот тадбирҳои мукаммалеро роҳандозӣ намудаанд. Бо иқтибос аз суханронии Пешвои миллат қайд намуд, ки “Тарбияи кадрҳо хусусан барои соҳаи маориф, таъмини сифат ва сатҳи дониши кадрҳои омӯзгорӣ дуруст ҷобаҷо кардани мутахассисони ҷавон ва фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои онҳо пеш аз ҳама дар деҳот аз ҷумлаи вазифаҳое, мебошанд, ки бояд ҳамеша дар маркази диққати Вазорати маориф ва ҳукуматҳои маҳаллӣ ва сохторҳои дигари масъули соҳа қарор дошта бошад”.

Таъкид рафт, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар марҳалаи соҳибистиқлолӣ беш аз даҳ ҳазор омӯзгорро омода карда, дар раванди тайёр кардани кадрҳои ояндаи омӯзгорӣ саҳми назарраси хешро гузоштааст.

Сипас, Абдулбоқӣ Нурзода – профессори кафедраи педагогика ва психологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар мавзуи “Мақсад ва вазифаҳои тарбияи насли наврас ва ҷавонон дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон”, Муҳаммад Исматдинзода - директори филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар мавзуи “Такмили ихтисос омили муҳими ташаккулёбии касбияти омӯзгор”, дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умумӣ Шарипов Абдуҳаким дар мавзуи “Ҷойгоҳи тарбия дар сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳуваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон” маърӯза ироа намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки мақолаҳое, ки ба кумитаи тадорукоти конференсия ворид гардидаанд, ба мавзуъҳои муҳим бахшида шуда, ба сифати китоби алоҳида ба нашр хоҳад расид.

Конференсия кори худро дар чаҳор бахш вобаста ба масъалаҳои роҳу воситаҳои тайёр намудани омӯзгорони оянда ба корҳои тарбиявӣ дар мактаб идома бахшид.

Дар бахшҳо зиёда аз 80 маърўзаи илмии олимону мутахассисони соҳа роҷеъ ба мавзуи зикршуда мавриди таҳлилу баррасии густурда қарор гирифтанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ