Роҳу усулҳои пешгирӣ аз ифротгароӣ
Бо мақсади пешгирии ифротгароӣ дар байни ҷавонон ва фирефта нашудани ҷавонон ба ақидаҳои ҳизбу ҳаракатҳои ифротии экстремистию террористӣ баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ динии ҷавонон ва ташкили мусобиқаҳои варзишӣ хеле муҳим арзёбӣ мешавад.
Таҳияи китоб, дастурҳои таълимӣ-методӣ, гузаронидани тадқиқотҳои сотсиологӣ байни ҷавонон, ташкили курсҳои махсус дар самти муқовимат ба терроризм ва экстремизм, варақаҳои тарғиботӣ (буклету брошюра) ва амсоли инҳову шарҳу тафсири баъзе аз мафҳумҳои асосӣ аз роҳу усулҳои нави муқовимат ба ифротгароӣ маҳсуб меёбад.
Вобаста ба масъалаи мазкур баъзан ҷавонон дар ин соҳа кадом китоберо хонанд намедонанд, ки ин аз ноогоҳӣ ва мутолиа накардану надонистани онҳо дар бораи ин падидаи номатлуби аср дарак медиҳад. Қисме аз ҷавонон дар оянда китобҳои илмиро дарёфт намуда, барои хондан мекӯшанд, ки дар ҳоли мутолеа доираи тасаввуроти ҷавонон ва донишҳои сиёсиаашон боло хоҳад рафт.
Метавон чунин хулоса кард, ки ҷиҳати пешгирӣ ва тарғиби андешаи миллӣ дар муассисаҳои таълимӣ бояд фанни махсус оид ба моҳият ва хатарҳои терроризм ва экстремизм бо ҷалби мутахассисон дарс гуфта шавад ва адабиёти зарурӣ ба ҷомеа тарғиб карда шавад то ҷавонон аз он баҳравар гарданд. Чунин тадбир метавонад дар роҳи муқовимат ба ифротгароӣ мусоидат намояд.
Бобоҷони Хайриддин – ҷомеашинос, устоди ДДХ