Роҳҳои пешгирии хатарҳои террористӣ дар Осиёи Марказӣ

Дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳуроте мавҷуданд, ки танҳо ба як кишвар ва ё як минтақа не, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмўъ ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунанд. Яке аз чунин зуҳуроти номатлуб, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор оварда, дар ҳама қитъаҳои олам тамоюли паҳншавиро дорад, ин терроризм ва экстремизм мебошад. Вақте, ки мо аз васоити ахбор омма дар бораи террористи худкуш мешунавем, тасвири шахсе аз Шарқи Миёна ба назар мерасад, вале ҳодисаҳои моҳҳои охир ин ақидаро тағйир дод. Дар варақаҳои хабарии мақомотҳои пешрафтаи хабарӣ, номҳои шаҳрвандони Осиёи Марказӣ, ки дар фаъолияти гурўҳҳои экстремистӣ ва террористӣ шомил шудаанд бештар пайдо мешаванд. Олимону муҳаққиқон навъҳои гуногуни терроризм ва экстремизм, аз қабили терроризми сиёсӣ, динӣ, экологӣ, зиддиҷаҳонишавӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ, миллатгароӣ, технологӣ, биологӣ, кибернетикӣ ва ғайраро муайян карда, ба ин натиҷа расидаанд, ки дар замони муосир аз ҳама беш терроризму экстремизми динӣ ҷаҳони муосирро ба мушкилот гирифтор намудааст. Ба ақидаи аксар сиёсатшиносон экстремизм бештар дар дин, ки хусусияти ҷалбнамоӣ дорад, реша меронад ва он дар тамоми гўшаву канори сайёра ба мушоҳида мерасад. Зеро дар бисёр мавридҳо ба назар мерасад, ки ифротгароён дар зери шиорҳои динӣ баромад намуда, аз номи дин ҳарф мезананд ва фармонҳои худро қонунҳои шариат меноманд. Ин, пеш аз ҳама, ба хотири сўистифода аз шуури динии мардум равона гардида, ҳеҷ пайвастагӣ ба арзишҳои динӣ надорад. Пас, ин амалкарди ифротгароён аз бединию хиёнати онҳо дарак медиҳад. Зуҳуроти ифротгароӣ ва терроризм дар минтақаи Осиёи Миёна аз аввали солҳои 90-уми асри гузашта сарчашма мегирад. Баъди пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ яку якбора низоми маъмурии мамлакатҳои Осиёи Миёна аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон қудрати худро аз даст дод. Фалаҷ гардидани ҳокимияти давлатӣ, бўҳрони иқтисодӣ, бекорӣ, паст шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ аз назорат дур мондани таъмини амнияти давлатию ҷамъиятиро ба вуҷуд овард. Вазъияти баамаломада, ки идорааш аз ҷониби сарварони ҳокимияти иҷроия ва давлатӣ ғайриимкон гардид, ба он боис шуд, ки зуҳуроти таҳдид ва зўроварӣ дар ҷамъият ба худ роҳ кушояд. Вазъияти геополитикии Осиёи Марказӣ нишон дод, ки таъсири минтақаҳои ноустувор аз қабили Қафқоз, вилояти мухтори Синзияни Чин, Афғонистон, Шарқи Наздик боиси нооромии сиёсӣ гардад. Дар робита ба хусусиятҳои ҷуғрофӣ, табиӣ, иқлимӣ ва таърихӣ водиҳои Фарғона ва Қаротеғин, ки қисман минтақаҳои Ўзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистонро дар бар мегиранд, имконияти кам доранд барои рушди фаъолияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ. Ҳамзамон ин минтақаҳо майдонҳои муносиб барои пинҳон кардани фаъолияти гурўҳҳои террористӣ ва экстремистӣ гардида, ба таври пинҳони ташвиқот кардани идеологияи ифротгароии худ дар байни аҳолии маҳаллӣ имконияти хуб пайдо карданд. Аз ин ҳолат намояндагони ташкилотҳои террористию экстремистӣ истифода намуда, ба ғасби ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шурўъ намуданд. Дар шароити номуайянӣ мардумро ба як самти барои худ дилхоҳ равона намудан душвор буд ва барои ин маблағҳои калонро масраф кардан лозим меомад. Аз ин лиҳоз, муассисони чанде аз ҳизбу ҳаракатҳои навтаъсиси ҳамонвақта бо баҳонаи ҳифз кардани дин ба баъзе аз ташкилоту созмонҳои ба ном хайриявии кишварҳои дигар, аз ҷумла давлатҳои исломӣ муроҷиат намуданд. Дар чунин вазъият давлатҳои исломӣ ин равандро истифода бурда, бо тезӣ ва мақсаднок онҳоро маблағгузорӣ карданд. Аз тарафи дигар, вуҷуд надоштани назорати қатъӣ, бемасъулиятӣ дар қисмҳои ҳарбие, ки аз собиқ Иттиҳоди Шўравӣ дар қаламрави Тоҷикистон боқӣ монда буданд, ба он оварда расонид, ки онҳо ба фурўхтани яроқу аслиҳа ба гурўҳҳои гуногун ва оғоз кардани муҳимоти ҷангӣ оғоз намуданд. Бар замми ин, сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бе назорати қатъӣ монд, ки дар ҳудуди он гурўҳҳои зиёди террористӣ арзи вуҷуд мекарданд.

Ҳамаи инҳо ба он оварда расониданд, ки ҷанги хонумонсўз дар қаламравӣ кишвар оғоз шуд. Бо мақсади ноором сохтани вазъияти сиёсию иҷтимоӣ ва заиф намудани мавқеи ҳокимияти давлатӣ ба ҷумҳурӣ гурўҳҳои хурди террористӣ равона карда мешуданд. Аз тарафи ин гурўҳҳо амалҳои террористӣ нисбат ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.Ҳувайдуллоев, аъзоёни Комисcияи оштии миллӣ О.Латифӣ, раиси кумитаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Кенҷаев, куштори намояндагони Созмони Милали Муттаҳид ва даҳҳо дигарон амалҳои террористӣ содир карда шуданд. Бо мақсади решакан намудани терроризм соли 1999 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» қабул карда шуд. Ин қонун, терроризм - яъне зўроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбат ба шахсони воқеъӣ, маҷбур кардан ё таҳдиди истифодаи он нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ, ҳамчунин нобуд сохтан ё таҳдиди нобуд сохтани амвол ё ин ки дигар объектҳои моддии шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқиро маҳкум месозад.

Солҳои охир фаъолияти террористӣ ва экстремистии созмонҳои «Ал-қоида», «Ҳаракати толибон», «Бародарони мусулмон», «Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ» ва ғайра дар ҳудуди Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Осиёи Марказӣ ва инчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири манфии худро ба вазъияти ҷамъиятию сиёсии ин давлатҳо мерасонанд.

Бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ташкилотҳо террористӣ ва ё экстремистӣ эътироф шуда, фаъолияти онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки терроризм бевосита ба амнияти Тоҷикистон ва дар маҷмўъ Осиёи Марказӣ таҳдид мекунад. Ҳодисаҳои номбурда бевосита ба терроризм ва экстремизми динӣ марбут ҳастанд ва маҳсули ин зуҳуроти номатлуб ҳисоб меёбанд. Хатарнокии ин омил дар он аст, ки қисми зиёди аҳолии Осиёи Миёна ба дини мубини ислом эътиқод доранд, фарҳанги зиёда аз ҳазору чорcадсолаи исломӣ ба қисми ҷудонашавандаи тамаддуни мардуми ин минтақа табдил ёфтааст. Қувваҳои ба ифротгароӣ ин омилро хуб дарк карда, барои ноил шудан ба ҳадафҳои ғаразноки худ истифода бурда истодаанд. Аз ҷониби роҳбарияти мамлакатҳои Осиёи Миёна ба масъалаи мазкур диққати басо ҷиддӣ дода мешавад. Сабабҳои шолим шудани шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Миёна ин дар натиҷаи дуруст ба роҳ монда нашудани масъалаҳои раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар дар баъзе ҳолатҳо мардуми Осиёи Миёна фирефтаи гурўҳҳои муташаккили ҷиноятии бурунмарзӣ, намояндаҳои ташкилоту ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва корфармоёни қаллоб гардида, ба содир намудани амалҳои террористиву экстремистӣ, қочоқ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҷалб карда мешаванд. Айни замон яке аз масъалаҳои муҳиму мубрам ва мушкилоти асосие, ки боиси нигаронии ҷомеа ва ҳамагон, аз ҷумла роҳбарияти тамоми зинаҳо гардидааст, ин пешгирӣ аз фаъолияти вайронкории ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-экстремистӣ ва созмону ташкилотҳои террористӣ, аз қабили “Ҳизби исломии Туркистон” (собиқ «Ҳаракати Исломии Ўзбекистон»), “Ҳизб-ут-Таҳрир”, ҷамоатҳои “Ансоруллоҳ”, “Содиқлар”, “Таблиғ”, созмонҳои “Ҷиҳоди исломӣ», «Ҷундуллоҳ», ҷараёни динии “Салафия” мебошад. Бояд бо афсўс зикр кард, ки фаъолияти ташвиқотию тарғиботии пайравони ин ташкилотҳо ва созмонҳои амалашон манъгардида дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назар мерасад.

Бояд таъкид намуд, ки яке аз сабабҳои асосии паҳншавии ғояҳои ифротии созмону ҳаракатҳои динӣ-экстремистӣ пеш аз ҳама ташкили мактабу гурўҳҳои ғайрирасмии динӣ аз тарафи рўҳониёни алоҳида мебошад, ки омўзиши ғайриқонунии рукнҳои исломро барои наврасон ва ҷавонон ба роҳ мондаанд. Ба ғайр аз ин гаравиш ба сафи ташкилоту созмонҳои байналмилалии экстремистӣ-террористӣ дар шаҳру вилоятҳои Федератсияи Русия (шаҳрҳои Москва, Уфа, Краснодар, Екатеринбург) аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, ташвишовар мебошад. Зеро аз муҳити ватани хеш канда шуда, ҷавонони ҳанўз тафаккуру андешаи миллиашон ташаккул наёфта, роҳгум мезананд. Баробари ин маълум мегардад, ки мувофиқи таҳлилҳои мавҷуда як қатор сабаб ва омилҳо, ба монанди, таъсири манфии сабтҳои электрониву видеоӣ, китобу маҷаллаҳо ва дигар маводи чопии дорои хусусияти зўроваридошта, ба кор ва таҳсил фаро гирифта нашудани ноболиғону ҷавонон ва дар маҷмўъ иҷро нагардидани ўҳдадориҳо аз ҷониби падару модарон ба афзоиши ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон, гаравидани онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ замина гузоштаанд. Гуфтаҳои боло аз он шаҳодат медиҳад, ки дар замони муосир экстремизм ва терроризм хусусияти байналмилалӣ дошта, барои ин гуна зуҳурот сарҳади байнидавлатӣ, миллат ва дин, муқаддасоти дигар низ вуҷуд надорад. Терроризм ва экстремизм хислати фаромиллӣ пайдо карда, ба хатари умумиҷаҳонӣ табдил ёфтааст, бинобар ин мубориза бар зидди он низ бояд тавассути стратегияи глобалии ягона ва самарабахш ба роҳ монда шавад. Бо ин раванд кишварҳои Осиёи Миёна мебояд дар якҷоягӣ алайҳи ин падидаи номатлуб муборизаи шадид баранд. Ҳамзамон амалиётҳои харбии Федератсияи Русия дар Сурия барои ғалаба бар зидди терроризм ва экстремизм дар қаламрави Осиёи Миёна мусоидат менамояд. Ба зидди терроризм ва экстремизм метавонад бо роҳи фаъолгардонии хадамотҳои махсус мубориза баранд, аммо барои муқовимати самаранок ва дарозмуддат зарурати бартараф кардани сабабҳои маъруфияти онҳо дар Осиёи Марказӣ наз байн бурдан лозим аст, ки ин вазъи душвори иҷтимоию иқтисодии минтақа ба шумор меравад. Осиёи Марказӣ - минтақаи ноустувор ба шумор рафта барои мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм муҳим аст. Барои пешгирӣ намудани воридшавии идеологияи экстремистӣ ҳамкории байналмилалӣ аҳамияти хеле муҳим дорад. Ҳамчунин, дар самти ташаккул додани ҳувияти миллӣ ва бедор намудани ҳисси ватанпарастӣ, баланд бардоштани маърифати динӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ, огоҳӣ додани мардум аз хатарҳои зуҳуроти терроризму экстремизми динию байналмилалӣ, ба роҳ мондани тарбияи дурусти оилави, ташвиқи илмомўзӣ дар миёни наврасону ҷавонон ва ҷалби онон ба машғулиятҳои лозимӣ метавонад барои аз байн бурдани ин зуҳуроти номатлуб дар ин минтақаи фарҳангдўст мусоидат намояд.

Саркорбобоева М.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ