Роҳҳои пешгирӣ ва сабабҳои авҷгирии терроризм ва экстремизм дар Тоҷикистон
Ихтилофу зиддият, номуросоӣ, бартарӣ ва афзалият гузоштан дар миёни равия ва мазҳабҳои гуногуни динӣ яке аз сарчашмаҳои рух додани чунин амалу кирдорҳои ваҳшиёна гардида, дар ин миён масҷиду калисо, ибодатгоҳҳо ва ҷойҳои барои мардум муқаддас ҳадафи террористон қарор мегиранд. Таассуфовар аст, ки дар Покистон, Афғонистон, Ироқ, Сурия ва як қатор давлатҳои дигар, ки нобаробариҳои сиёсӣ-иҷтимоӣ ва зиддияти мазҳабӣ зиёд авҷ гирифтаанд, гурӯҳҳои иртиҷоӣ бо истифода аз вазъи ба амаломада ҳадафҳои душманонаи худро алайҳи мардуми бегуноҳ анҷом медиҳанд. Содир намудани акти террористӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, кӯчаву хиёбонҳо, бозорҳо ва маконе, ки издиҳоми мардум бештар ҷамъ меоянд, дар ин кишварҳо як амали маъмулӣ гардидааст. Рахт бастани ҳиссиёти раҳму шафқат аз вуҷуди ашхоси бадсиришту беимон, аз фарҳангу маърифат ва муқаддасоту арзишҳои олии инсонӣ бехабар боиси содир намудани сангинтарин амалу кирдорҳои разилона гардида, ҳуқуқи одамонро ба зиндагии осоишта маҳрум месозад. Дидани чеҳраҳои кӯдакони ятиму зор, занони аз шавҳар маҳрумгашта ва ҷавонони дар айни камолот ҷонбохта хеле риққатовару маҳзункунанда аст, ки дар натиҷаи амалҳои касифонаи гурӯҳҳои худхоҳу ҷоҳталаб рӯзи рӯшанро барои онҳо тира намудааст. Ба дунё омадани инсонҳо барои зистану аз ҳаёт баҳра гирифтан ва зиндагии шоистаро ба сар бурдан аст ва касе ҳуқуқ надорад ҳаётро аз онҳо рабояд, ба ҷуз офаридагор.
Фоҷиаи сангине, ки ба сари толибилмони шаҳри Беслан омада буд, то имрӯз ғаму ғуссаро дар қалби волидони кӯдаконе, ки бо умеду орзуҳои зиёд ба остонаи мактаб қадам ниҳода буданд, дур накардааст. Рӯзи 1 сентябри соли 2004, ҳангоми ҷамъомади пагоҳирӯзӣ гурӯҳи террористии Шамил Басаев 1128 нафарро, ки миёни онҳо муаллимон, талабагон ва волидони онҳо буданд, ба гарав гирифтанд. Ҳангоми озодкунӣ 314 нафар ба ҳалокат расиданд, ки миёни онҳо 184 нафар кӯдакон буданд ва беш аз 800 нафар дар ин ҳодисаи мудҳиш ҷароҳат бардоштанд.
Чунин як ҳодисаи мудҳиши дигар нисбати толибилмони мактаби ҷамъиятии артиши Покистон дар шаҳри Пешовар, санаи 1 декабри соли 2014 анҷом дода шуд, ки дар натиҷа 151 нафар ҳалок гардиданд, ки аз ин шумора 133 нафарро мактаббачагон ташкил медиҳанд. Сол то сол дигаргун шудани механизми содиршавии актҳои террористӣ, ҳарчи сангину бераҳм ва даҳшатноктар гардидани он шаҳодат медиҳад, ки ҳизбу ҳаракат ва ташкилотҳои террористӣ бо мақсади ҳарчи бештар расонидани хисороти моливу ҷонӣ ва бемамониат ба амал баровардани қасди ҷиноят роҳҳои гуногунро кашфу ихтироъ мекунанд.
Cозмону ҳаракат ва гурӯҳҳо, аз қабили “Ал-Қоида”, “Ҷундуллоҳ”, “Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон”, “Ҷиҳоди ислом”, “Ҳаракати Толибон”, “Ансоруллоҳ”, “Ҳизб-ут-Таҳрир” ва амсоли инҳо, ки аз ҷониби як қатор давлатҳо ҳамчун ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ дониста шудаанд, бо густурда намудани фаъолияти худ ва анҷом додани амалу кирдори ҷинояткорона мехоҳанд нуфузу эътибори худро боло баранд.
Нагирифтани пеши роҳи ин хатари умумибашарӣ метавонад боз ҳазорҳо мардуми осоиштаро аз ҳаёт маҳрум созад, зеро дар қалбу вуҷуди онҳое, ки чунин зулму ситам ва афкору андешаи ҷоҳилона ҷой гирифтааст, ба ҷуз бадбахтӣ ва маҳрумият овардан дигар андешаи солиме ҷой надорад.
Харобу валангор гардидани садҳо бинову иншоот, ҷон бохтани мардуми осоишта, фирор намудани аҳолӣ аз макони зист подоши расидан ба ҳадафҳои ҷинояткоронаи ин гурӯҳҳо аст. Имрӯз ҳазорҳо нафар мардуми кишварҳои ҷангзада ба умеди амният ва осудагӣ роҳ ҷониби кишварҳои Аврупо мегиранд ва он ҷо низ онҳоро мушкилоти зиёде пеш меояд. Ягона роҳи ҳалли ин масъала ҳамкорӣ ва мусоидат кардан ба мақомоти қудратӣ дар мубориза бо терроризм ва экстремизм мебошад, то суботу оромӣ таъмин ва ҳар як фард дар ватани хеш зиндагии осоишта ба сар барад.
Тоҷикистон дар радифи дигар кишварҳои мутараққии ҷаҳон бо ин зуҳуроти марговар мубориза бурда, талош менамояд аз пайомади ногувори ин гуна амалҳо ҷилавгирӣ намояд. Бо ин мақсад аз тарафи Ҳукумати мамлакат якчанд қонунҳо ва санадҳо, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” (соли 1999), Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) (соли 2006), Конвенсияи Созмони ҳамкории Шанхай бар зидди терроризм, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ)” (соли 2006) ба тасвиб расиданд, ки барои муборизаи оштинопазир бурдан бо зуҳуроти номатлуб мусоидат менамояд.
Ҳамзамон, дар марҳалаи кунунӣ оид ба тадбирҳои муассири кишвари мо бо мақсади вокуниши саривақтӣ ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ дар раванди ташаккули иқтидори муносиби дохилӣ ва хориҷӣ, дар ин раванд зарурати ҳамгироии бештари ҷумҳурӣ бо ҷомеаи ҷаҳон ва минтақа, сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин, муҳимияти роҳандозии ҳамкориҳои фарогир ба роҳ монда шудааст. Вале, мутаассифона дар гўшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад.
Мисоли равшани ин гуфтаҳо дар кишвари соҳибистилоли мо гуруҳи экстремисти ва террористӣ бо номи “Наҳзати ислом” бо истифода аз арзишҳои дини муқаддас солҳои тулонӣ дар давлати демократии ва ҳуқуқбунёди мо фаъолият карда ин фурсатро барои худ ѓанимат шумурда чи нақшаҳое таҳия намуда буданд, имрўз он тасдиқи худро ёфта истодааст.Дар шароити кунунӣ низ маҳз мавҷудият ва фаъолияти гурўҳҳои ифротгарои динӣ ва созмонҳои террористӣ, амсоли ТЭТ ҲНИ аксар кишварҳои оламро бо хатарҳои ҷиддӣ мувоҷеҳ намудааст. Чуноне, ки мо худ мушоҳида мекунем, вақтҳои охир дар мамолики Олмон -Дортмон ва шаҳри Варшаваи Лаҳистон масъулини ТЭТ ҲНИ, хоса М. Кабирӣ, ки домони аврупоиҳоро гирифта, бо ҳар роҳу васила мехоҳад худро шахси дунявӣ нишон диҳад. Дар иртибот ба ин, бояд қайд кард, ки баъзе аз кишвархо манфиатхои геополитикии худро пеша карда, аз стандартхои дугона истифода менамоянд. Аз чумла, қаблан Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки зери қаноти созмонҳои ба ном байналмилалию ҳифзи ҳукуқ ва озодиҳои инсон, ки хадафи аслиашон танҳо химояи манофеи кишвари муассис аст, минбархои таблиѓотиро дар ихтиёри террористоне чун Кабирию думравонаш мегузоранд ва онхоро маблаггузорӣ мекунанд. Аммо ин гуруххо ба хадафи нопоки худ нахоханд расид, зеро мардум ҳакикати вокеиро дарк намуд. Шахрвандони Точикистон аксар ба ҲНИ эътимод надоштанду надоранд, зеро чанги шахрванди дар кишвар, ки боиси марги даххо хазор ва машакати хазорон нафар сокинон гардида, мучиби харбии иктисодии чумхури шуд, махз бо сабаби тундравихои хизби мазкур ба амал омада буд. Имрўз он ҳама давраҳои вазнин паси сар шуданду ба ҳукми таърих даромаданд, бо ифтихор метавон гуфт, ки халқи тоҷик таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои беназиру сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ соҳиб мегардад. Итминон дорем, ки бо дарки дурусти масъалаҳои матраҳшуда ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз бояд вазифаи муқаддаси худро ба хотири пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот дар кишвар, таъмини амният, таҳкими Ваҳдати миллӣ, ҳифзу нигоҳдории истиқлол, тақвияти иқтидори давлат ва пешрафти ҷомеа содиқона рисолати хешро иҷро намуда, барои ободонии Ватан ва афзудани номи неки он талош варзад.
Ш.Назарзода - устоди ДДХ