Роҳи ростро бояд интихоб кард....

Сулҳ ва ҳаёт аз ҳам ҷудонашавандаанд, зеро агар сулҳу амонӣ бошад, он гоҳ шукуфоии дарахтон, болафшонии кабӯтарон, тулӯи офтоби зарринбол, нигоҳи гарми модарону хандаи беғаши кӯдакон ба назари кас таровиши зебое пайдо мекунанд. Хоби ором, хандаи кӯдакон, ҳузуру ҳаловати модарон, амалишавии орзуву ормони одамон ҳама аз сулҳу амонӣ бармеояд. Вале ҷанг баракси он мебошад. Ҳодисаҳои рухдодаистодаи вақтҳои охир, ки дар ВМКБ рух дода истодаанд ҳамагонро ба ташвиш овардаст. Саркардагону ба амаловардагони ин нофаҳмиҳо, ки ташаббускораш Муҳаммадбоқир буд, оқибат сари худашро бурд. Инсон офаридаи Худованд аст ва инсон аз ҳайвон бо хулқу рафтор ва одобу гуфтораш фарқ мекунад. Он ҷиноятҳои содир кардаи Муҳаммадбоқир ҳадду канор надорад ва ҳатто дар қайди ҳаёт буданашҳам ҷиноятҳои вай исбот шуда буданд. Бо ташаббуси Муҳаммадбоқир гирдиҳамоиҳои бетартиб дар Бадахшон, латукӯб кардани мудири шӯъбаи маорифи маҳаллӣ Лутфулло Наврӯзов ва чандин ҷиноятҳои дигар, ки сабабгори асосӣ худи ӯ буд сар задааст. Чуноне, ки дар урфият мегӯянд: “давидани гӯсола то каҳдон аст”. Агар вай аз амалҳои ношоямаш барвақтар бармегашт, шояд ин ҳодиса рух намедод. Зеро илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ аст. Ягон мардуми ҷаҳон ҷангро намехоҳад, зеро он оқибатҳои бад дораду давлатро ба қафо мебарад. Ниҳояти ҷанг харобист, гуруснагӣ, гиряи модарон, бе парастор мондани кудакон аст. Ҳамаи кирдорҳои вай барқасдона, ба муқобили пояҳои сохти конститутсионӣ равона шуда буд. Дар кишваре, ки сулҳу салоҳ ҳукмфармо аст, ҷои хархашаву беадолати нест.Зеро даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрўзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сўи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.

Биоишаи Назар

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ