Робитаи волидайн бо муассисаҳои таълимӣ омили пешгирӣ аз аз хатарҳои муосир
Натиҷаи назарсанҷиҳои гузаронидашудаи афкори ҷомеа байни 800 нафар занону мардони оилаҳои тоҷик ҳамчун волидайн тасдиқ менамояд, ки танҳо 16%-и падару модар аз субҳ то шом фарзандони худро зери назари оила қарор медиҳанд ва тарбияи онҳоро вазифаи оила мешуморанд. 61,4%-и пурсидашудагон аз таҳсилу ҷараёни таълими фарзандон бархӯрдор буда, ҳамеша бо муаллим робита доранд ва 5,1%-и дигар таълиму тарбияро пурра вазифаи мактабу донишгоҳ меҳисобанд ва масъулияте бар дӯш гирифтан ҳам намехоҳанд. Ин аз он далолат медиҳад, ки ҳастанд волидайне, ки дар бештари маврид такя ба муассисаҳои таълимӣ ва муаллим намуда, дар ин раванд масъулияти бештари тарбияро аз худ дур месозанд. Пардохти маблағи хониши фарзандон дар муассисаҳои таълимиро бо дониши онҳо чен мекунанд. Дар ҳоле, ки тибқи Барномаи ягонаи тасдиқгардидаи таълимии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ муаллим дарс мегӯяд. Агар ба фарзанди эрка, танбал, сустхон ва душворфаҳму душвортарбия волидайн таваҷҷуҳ накунад, омӯзгор низ ба ӯ таълими дилхоҳ дода наметавонад. Ӯ хоҳ нохоҳ аз мактаб хориҷ мешавад ва дар натиҷа, боиси эҳтимоли ҷалб шудан ба гурӯҳҳои беназорат ва ифротӣ майл пайдо мекунад.
Дар ин хусус, мушкилоти дигаре низ дар оилаҳои ҷомеаи тоҷик ҷой дорад. Чунончи аз сабаби зиёд будани кор волидайн вақт надорад, ки бо фарзандон суҳбат намоянд (7,5%), хоҳиши кор бо фарзандон дар оиларо доранд, аммо худ дониши кофӣ надоранд (6,9%) ва ғайра. Ҳарчанд фисади ками оила мушоҳида мешавад, аммо эҳтимол ба гурӯҳҳои ҷиноятпеша ва ифротӣ шомил шудани фарзандони онҳо ҷо дорад.
Аз ин рӯ, тарбияи комили ҷавонон, пеш аз ҳама, ба оила, махсусан, волидайн эҳтиёҷи бештар пайдо менамояд, ки он аз муҳимтарин масоили ҷомеаи рӯз маҳсуб меёбад.
Аз натиҷаи тадқиқоти сотсиологӣ бармеояд, ки 78,8% (аз он 42,3% занону духтарон) тарбияи оиладориро аз волидон омӯхтаанд ва онро ҳамчун оина ва роҳнамои зиндагии худ истифода мебаранд. Ҳастанд ҷавононе, ки тарбияи хонаводагиро аз муаллим (11,1%), аз ҳамсар (5,1%), аз оилаҳои намунавӣ (9,9%), тариқи худомӯзӣ (12,3%), аз шахсони муътабар (6,6%), аз дӯстон (4,5%), аз руҳониён (2,8%) ва аз ҳамаи сарчашмаҳои зикргардида (10,6%) омӯхтаанд, аммо чун симои падару модар ва оилаи худ нақши калидӣ набозидааст.
Хулоса, оила дар тарбияи инсон нақши созанда ва ҳам сӯзанда гузошта метавонад. Муҳити оилавӣ то куҷо созгор ва солим аст, ҳамон қадар мавқеъ ва ояндаи фарзандон аз он вобаста мебошад.
Бобоҷони Хайриддин – устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров