​Риояи сарулибоси тавсиявӣ барои донишҷӯён фаҳмонида шуд

Бо ташаббуси шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ дар як қатор факултетҳои донишгоҳ таҳти унвони "Риояи сарулибоси тавсиявӣ мароми мост!" аксия роҳандозӣ шуд.

Ҳадаф аз ин ташаббус огоҳ намудани донишҷӯён бо дастурамали либоси тавсиявӣ ва ба ин васила таъмини риояи сарулибоси тавсиявӣ маҳсуб меёбад.

Масъулини шуъба дар доираи ин иқдом ба донишҷӯён доир ба фармоишҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт, тартиботи дохилии донишгоҳ, аҳамияти сарулибоси тавсиявӣ ва риояи қоидаҳои ҷорӣ таъкид намуданд.

Гуфта мешавад, ки аксияи мазкур дар тамоми факултетҳои донишгоҳ ба роҳ монда хоҳад шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ