Решакан бод терроризм

Тавре ба тамоми ҷаҳон маълум аст, дар замони муосир, яке аз ҷараёнҳои ҷиддитарин дар тамоми ҷаҳон терроризм ва экстремизм ба шумор меравад. Аз ибтидои таърихи мавҷудияти башар муқобилият, мубориза ва рақобат вуҷуд дошт, аммо имрӯз дар ҷаҳон он аз пештара хеле бештар қудрат пайдо кардааст.

Терроризм, ин ҷунбишест, ки амалу кирдори худро дар пушти афроди нофаҳм, он афроди аблаҳ ва дар айни ҳол зархарид пинҳон карда, ба манфиати худ истифода мекунанд. Имрузҳо ин ҷунбаиш тамоми ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Зеро мебояд, ки сари ин андеша намуду нисбати ин амалҳои номатлуб мубориза бурд.

Терроризм–яке аз густурдатарин ва хатарноктарин гурӯҳҳо дар ҷаҳон аст. Онҳо бо тамоми ҷахон комилан мубориза мебаранд. Муборизаи онҳо чунон бемаънӣ аст, ки баъзан ба назар чунин менамояд, ки худи онҳо ҳатто намедонанд, ки барои чӣ мубориза мебаранд ва ба куҷо мераванд. Онҳо тамоми чахонро душман мешуморанд. Террористон бо тамоми қувва кӯшиш мекунанд, ки дигаронро ба худ ва принсипҳои худ мутеъ созанд ва барои ин аз ҳар гуна ташвиқот истифода мебаранд. Яке аз ин гуна нафарон Муҳиддин Кабириву ҳаммаслакони ӯ барин инсонҳоинопок ҳастанд, ки ба хотири пулу сарват, ки дер ё зуд тамом мешавад, омодаанд бо худи шайтон созиш кунанд. Ин аблаҳон чунон мардумро сарнагун мекунанд, киҳатто ба ин амал даст заданашон нофаҳмида мемонанд. Онҳо танҳо лӯхтак дар дастанд, то бо кумаки онҳо ба ҷомеа ва сохтор ворид шаванд ва аз дарун ба зиён шурӯъ кунанд.

Хушбахтона баъди баста шудани ҲНИТоҷикистони моро фазои оромиву осудагӣ фаро гирифт. Мардуми тоҷик аз банди балои ифроту кинаи ин ҳизби хонасуз, ки сари чандин нафаронро хурда буд озод шуд. Вале мутаъсифона ин нафарон аз давлатҳои хориҷа истода неши ҳасуди худро, ки пур аз кинаву адоват ва фитнаву кина аст, мезананд. Вале мо мардуми баору номуси тоҷик нисбати ин гуна амалҳо хомуш нестем.

Мардуми тоҷик, барои расидан ба бузургтарин дастоварди замони истиқлолият – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро мешиносад ва эътироф мекунад, мардуми шарафманди тоҷик содиқона заҳмат кашиданд, мушкилоту маҳрумиятҳои ниҳоят вазнинро аз сар гузарониданд, фидокориву ҷоннисориҳо нишон доданд ва қаҳрамониҳо карданд. Мардуми тоҷик халқи шарафманд аст ва бар зидди шахсони ифротгаро мубориза мебарад ва намегузорад, ки мардуми нохалаф моро халалдор созанд.

Биоишаи Назар

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ