​Ректори донишгоҳ аъзои маҳфили “Хушдилон ва ҳозирҷавонбон” – ро ба ҳузур пазируфт

Дастаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар даври ниҳоии маҳфили “Хушдилон ва ҳозирҷавонбон”, ки миёни донишгоҳу донишкадаҳои олӣ ва коллеҷҳои ҳудуди вилояти Суғд аз рӯи 5 номинатсия доир гардид, ғолибият ба даст оварда, сазовори Ҷом гардид. Ба ин муносибат ректори донишгоҳ профессор Ҷӯразода Ҷамшед аъзои дастаи донишгоҳро ба ҳузур пазируфта, ҷавонони соҳибистеъдоди маҳфилро бо чунин дастовард табрик гуфт.

Роҳбари донишгоҳ бо таъкид ба маҳорати баланд ва завқи волои аъзои маҳфили “Хушдилон ва ҳозирҷавонбон” даъват ба амал овард, ки минбаъд низ аз тамоми имконият истифода бурда, баҳри таҳкими фаъолият корбариро ҷоннок намоянд.

Гуфта шуд, ки раёсати донишгоҳ ҷиҳати дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии аъзои маҳфили “Хушдилон ва ҳозирҷавонбон”, ки бо масъулияти баланд ва ташаббускорӣ нуфузи донишгоҳро дар миқёси вилоят ва ҷумҳурӣ баланд мебардоранд, иқдом намуда, дар ин самт тадбирҳои судманд ва заруриро анҷом медиҳад.

Аъзои маҳфил дар навбати худ ба роҳбарияти донишгоҳ ҷиҳати дастгириҳои пайваста изҳори сипос намуда, таъкид намуданд, ки минбаъд низ барои муаррифии донишгоҳ софдилона меҳнат мекунанд.

Хотиррасон менамоем, ки даври ниҳоии маҳфили “Хушдилон ва ҳозирҷавонбон” дар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ доир гардид, ки дар он дастаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо маҳорати баланди ҳунари зарофатгӯӣ ғолиби мутлақ ва сазовори Ҷоми маҳфили «Хушдилон ва ҳозирҷавонбон» шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ