​Разми суботкорӣ муваффақ бодо!

Таъмини сулҳу субот, оромиву осудагии ҷомеа муҳимтарин ҳадафи роҳбарияти олии кишвари биҳиштосоямон мебошад, ки муваффақона амалӣ шудааст. Баъзе фардони ландаҳур, ки то ҳол қудрату тавоноии давлатдории тоҷикиро дарк накардаанд, хаёл доранд, ки “худашон шоҳу табъашон вазир”. Чунин афроди нопок дар минтақаи Бадахшон гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ созмон додаву ба бедодгариҳо, аз ҷумла муқовимат ба ниҳодҳои давлатӣ карданӣ буданду қисман ноил шуданд. Лекин, бехабар аз он буданд, ки “тирашон хок мехӯрад”.

Хушбахтона, мақомоти қудратии кишвар рӯзҳои охир муваффақонагурӯҳҳои ҷиноиро маҳву аъзои ҷинояткорро дастгир карда истодаанд, ки барои эътидоли фазои Бадахшон мусоидат менамояд. Сазои муқовимати Мазорову Раҷабовҳо арзандаи амалҳояшон асту дере нагузашта ҳамтӯдаҳояшон низ безарар хоҳанд шуд. Худ шоҳидем, ки мардуми таҳҷоӣ аз амалҳои мақомотҳои давлатӣ шодбошӣ доранд, вале ҳанӯз ҳам мавқеи фаъоли ҳамкории мардум дар сатҳи кофӣ нест. Бинобар ин, аз мардуми заҳматқарини Бадахшон эҳтиромона даъват менамоям, ки дар ошкорсозии душманони дохила ва бартарафсозии онҳо кӯмакрасони ниҳодҳои давлатӣ бошанд. Бефарқу дар канор набошанд. Биёед якҷоя Ватани маҳбуби худро аз нобакорон поку ояндаи умедбахшро бунёд кунем!

Итминони қавӣ дорам, ки дар фурсатҳоикӯтоҳ мақомоти қудратии кишвар дар безараргардонии гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ комилан муваффақ мешаваду фазои созанда фарогири Бадахшон мешавад. Зеро, мардуми маҳал дар қатори ҳамватанони дигар аз сиёсати хирадмандона, оқилона ва дурандешонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдории қатъӣ доранду майлу хоҳиши зиндагии орому осударо мепазиранд.

Бояд қайд кард, ки оштинопазирӣ ба ҷинояткорони ландаҳур вазифаи муқаддаси шаҳрвандии ҳар як тоҷикистонӣ мембошад ва дар зери партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақсадҳои неки худ ноил хоҳем гашт. Зеро, Ватани моро ғайр аз худи мо дигарон обод нахоҳанд кард. Аз ин рӯ, ҳар фарди соҳибватани содиқ мебояд имрӯзҳо мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ ишғол намояду ҷинояткоронро маҳкум ва ниҳодҳои давлатиро кӯмакрасон бошад.

Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ