​Раванди таҷрибаомӯзии педагогӣ

Таҷрибаомӯзии педагогӣ қисми ҷудонашавандаи раванди таълиму тарбия дар ҷодаи тайёр намудани омӯзгорони тахассусманд ба шумор меравад. Аз ҷумла, таҷрибаомӯзии педагогӣ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров дар тайёр намудани мутахассисон-омӯзгорон нақши муҳим мебозад. Тибқи нақшаи таълим муҳассилини курси 5-умишӯъбаи ғоибонаи факултети таърих-ҳуқуқ аз санаи 05.10.2021 то 30.10.2021 дар 9 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Б.Ғафуров таҷрибаомӯзии педагогии худро гузарониданд.


Таҷрибаомӯзони шӯъбаи ғоибонаи факултети таърих ва ҳуқуқ бо раванди таълимӣ-тарбиявӣ дар мактаб, методи кори омӯзгори фаннӣ, вазифаҳои роҳбари синф шинос шуда, дар як вақт дар асоси нақшаи ҳафтаинаи фардӣ дарсҳоро аз фанни таърихи халқи тоҷик, таърихи умумӣ, асосҳои давлат ва ҳуқуқ, ҳуқуқи инсон гузаронида истодаанд. Дар ҷараёни таҷрибаомӯзӣ чунин масъалаҳои муҳим ҳалли худро ёфтанд: мустаҳкамкунии донишҳои назариявӣ аз фанҳои тахассусии методика, педагогика ва психология; ба даст овардани малакаи корҳои ҷамъиятӣ – сиёсӣ ва ташкилӣ; иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятии мактаб ва монанди инҳо. Таҷрибаомӯзон дар дарсҳои худ аз усулҳои фаъоли таълим, намудҳои мухталифи дарсҳо ва чорабиниҳои беруназсинфиро гузаронида, бо таҷрибаи педагогии омӯзгорон аз наздик шинос шуданд.

Роҳбарон-мушовирон бо ҳамроҳии омӯзгорони фанни таърих ва ҳуқуқ ба дарсҳои таҷрибаомӯзон иштирок намуда, сари вақт таҳлили дарсҳо ва баҳогузориро ба роҳ монданд. Дар навбати худ роҳбарони муассисаҳои таълимӣ барои гузаронидани таҷрибаомӯзии педагогӣ шароити хуби корӣ фароҳам оварда, бо ҳуҷраи алоҳида таъмин намудаанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ