​Раҳнамои ояндаи пурсаодат!

Сарзамине, ки инсон дар он ба олами ҳастӣ чашм боз намудааст, маконест, ки фараҳу нишот меоварад, поктарин ва муқаддастарин арзишест, ки бо фахр Ватан, Ватан – Модар мехонанд.

Шахсияти поку ботамиз бо дарки масъулият ва ғурури миллӣ шукронаи соҳибватанӣ мекунаду баҳри ифтихори ватандорӣ мекӯшад. Алалхусус, агар ӯро дар ин роҳи пурсаодат раҳнамое бошаду ба созандагию бунёдкорӣ ҳидоят намояд. Хушбахтона дар насибаи мардуми Тоҷикистон чунин бахту иқболи нек ҳувайдост, ки онро дар меҳвари Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавон мушоҳида кард. Чун ҳамешагӣ Паёми Пешвои муаззами миллат таҳлили ҳамаҷонибаи фаъолияти солонаро фарогир буд ва дар он самти иҷтимоӣ афзалияти бештар дошт, ки шаҳодати сиёсати халқпарваронаю мардумдӯстонаи Ҳукумати кишвар мебошад.

Мӯҳтавои Паём хеле васеъ ва доманадори рушди сиёсӣ – иқтисодии кишварро инъикос менамояд ва дар ин пайванд эълон гардидани “Солҳои 2022-2026 - солҳои рушди саноат” бахшида ба ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатӣ хеле муҳим ва амри воқеист. Мебояд тазаккур дод, ки ин иқдоми шоиста рушди минбаъдаи мамлакатро муайян ва таъмин медиҳад, ки кафолати ҳаёти хуррамонаи мардум мебошад. Рушди соҳаи саноат бо бунёди корхонаҳои азиму кӯчаки саноатӣ марбут аст ва бевосита ба ҳар як фарди Ватан, алалхусус мутахассисони соҳаи табиатшиносӣ дахл дорад. Чунки, дар ҳошияи Паём бунёди корхонаҳои саноатӣ бо воридоти технологияҳои нави мукаммал ва аз лиҳози экологӣ бехавф пешбинӣ гардидааст, ки гувоҳии сиёсати дурандешона ва дурбинонаи роҳбарияти олии кишвар маҳсуб меёбад. Таъкиди пайвастаи Пешвои муаззами миллат ҷиҳати ҳаҷми ночизи ихроҷи партовҳо ба ҳавои атмосфера аз ҳудуди Тоҷикистон ва пурзӯр гардонидани “иқтидори сабз” боиси ифтихори мутахассисони соҳаи ҳифзи муҳити зист мебошад. Зеро, сиёсати табиатдӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иқдомҳои наҷиби сатҳи байналмилалӣ марбут ба истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои об инъикос ёфтаасту идомаи онро дар воридоти технологияҳои муосири бехавфи экологӣ дидан мумкин аст.

Мутахассисони соҳаи табиатшиносӣ, хусусан экологҳо вазифадор мебошанд, ки ҷиҳати интихобу ҷойгирнамоии корхонаҳои саноатӣ дар маҳалҳо вобаста ба ғунҷоиши экологӣ, таҳқиқи тадбирҳои мушаххас ҷиҳати кам кардани таъсири антропогенӣ ба муҳити зист ва ҳоказо фаъолияти густурдаро ба роҳ монда дар татбиқи ҳадафҳои раҳнамои Пешвои муаззами миллат фаъолу пешсаф бошанд ва саҳми босазо гузоранд. Зеро, “Тоҷикистонро танҳо тоҷикистониён, хусусан фаъолони он обод мекунанд”.

Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ