Пуштибонӣ аз дину мазҳаб!

Яке аз масъалаҳои ҳассосу даҳшатангезе, ки боиси ташвиши ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст, ин паҳншавии босуръати терорризму экстремизм ва зиёдшавии бошиддати гурўҳҳои ифротгаро мебошад. Мутаассифона, аз хуруҷи чунин равандҳои мудҳишу номатлуб шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бар канор нестанд. Мисоли равшани онро мо метавонем дар фаъолияти аъзоёни ТЭТ ҲНИ, мушоҳида карда бошем, ки то соли 2015 ҳамчун ҳизби қонунӣ дар ҳудуди мамлакати мо ташвиқот бурда, шаҳрвандонро озодона ба сафи худ даъват менамуданд. Аз ҳайати мамнӯъ Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ошкор шудани шахсони ифротгаро, ки ба ташкили ҳаракатҳои террористӣ мусоидат менамуданд, назари моро ба ин ҳизби «демократихоҳ» дигар кард. Ҳизбе, ки барномаи худро бо мақсади таҳкими ғояҳои давлати ҳуқуқбунёду дунявиятгаро ва демократихоҳ навишта буд, акси он амал мекард. Зиёдшавии теъдоди ашхосони хиёнаткор, ташкили шўру ошубаҳо, хусусан, аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳ аз асли рунҳои дину диёнат, оқибат ба ҷангу ҷидол, парокандагии халқу миллат ва таназзули давлат, пастравии иқтисодиёт, ки ба ин васила барои аз байн бурдани давлати мустақилу миллати тоҷик заминаи мусоид мешавад, оварда мерасонад.

Ҳадафи асосии хоинони миллат ҷуз бо роҳи ғайриқонунӣ ғасби ҳокимият дигаре буда наметавонад. Тарғиби чунин кирдор дар дини ислом қатъиян манъ аст. Ин чӣ рафторест ношоям, ки бо суйиистифода аз мансабу мазҳаб атрофиёнро ба гумроҳӣ мерасонад. Даст задан ба амалҳои номатлуб, ки яке ҳамчун аъзои фаъоли ТЭТ ҲНИ дигаронро ба терорризм ва дигаре аз номи поки дини ислом мардумро ба амалҳои акси меъёрҳои он даъват менамояд, албатта, зери мазаммати давлату ҳукумат, алалхусус, ҷомеа қарор мегирад.

Қатъ кардани фаъолияти ТЭТ ҲНИ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қадами устуворест, аз ҷониби ҳукумат баҳри нест кардани тарғиботу ташвиқоти гурўҳҳои террористиву экстремистӣ ва амнияти дохиливу байналхалқӣ.

Дар навбати худ шаҳрвандон бояд, зиракии сиёсиро аз даст надода, ба ҳар гуна равияву ҳаракатҳое, ки аз номи ислом бар зидди ислом баромад мекунад, шомил нашаванд. Баръакс, онҳо метавонанд дар ошкорсозии чунин гурўҳҳо саҳми хешро гузошта, ба ин васила содиқияти хешро ба давлату миллат иброз намоянд. Имрўз вақти он аст, ки мо ба созандагиву бунёдкорӣ машғул шуда, фарзандони худро ба таълими илму ҳунар водор созем. Сулҳро чун бузургтарин неъмати рўи олам эҳтиром карда, таҳти роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон кору зиндагии хешро пеш барем.

Озодандеш

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ