Проблемаҳои зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мушкилоти коррупсия яке аз омилҳои муҳими рушди ҷомеаи муосир буда, мубориза бо он вазифаи муштараки мақомот ва шаҳрвандон дар тамоми сатҳҳои идоракунии ҷамъиятию сиёсӣ ва ҳаёти ҷамъиятӣ мебошад.

Коррупсия дар тамоми соҳаҳои ҳаёти инсон зоҳир мегардад. Тавре ки таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, рушди устувори иқтисодиро танҳо дар асоси инноватсионӣ, бо истифодаи фаъолонаи дастовардҳои илму техникаи муосир ба даст овардан мумкин аст.

Муқовимати муассир ба коррупсия танҳо дар заминаи низоми ҳамаҷонибаи тадбирҳо, аз ҷумла фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки дар ҳалли ин мушкилот иштирок мекунанд, имконпазир аст.

Механизми самараноки мубориза бо коррупсия бояд системаи самараноки мубориза бо ҷиноятҳои коррупсионӣ бошад. Ногузирии ҷазо дар намуди маҳрум кардан аз молу мулки бо роҳи ҷиноят ба даст овардашуда, бешубҳа, аз як тараф, омили ҷиддии пешгирикунанда бошад, аз тарафи дигар, имкон медиҳад, ки оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ бо роҳи ҷуброни зарарӣ расонидашуда то ҳадди ақал кам карда шаванд.

Муқовимат бо коррупсия муҳимтарин самти стратегии сиёсати давлатии Тоҷикистон мебошад. Натиҷаҳои Барномаҳои давлатии мубориза бо коррупсия, ки қаблан амалӣ шуда буданд, имкон ва зарурати кори минбаъдаи мунтазами тамоми давлат ва ҷомеаро ҷиҳати таҳияи чораҳои муассир оид ба пешгирии рушди минбаъдаи коррупсия нишон доданд.

Барои ошкор намудани камбудиҳо ва бартарафсозии минбаъдаи онҳо, пеш аз ҳама, омӯхтани қонунгузории амалкунандаи зиддикоррупсионӣ, ки ба мубориза ва пешгирии коррупсия нигаронида шудааст, зарур аст. Баъдан, характеристикаи криминологии мубориза бар зидди коррупсия бо назардошти зуҳурот ва шаклхои нави коррупсия ва ба назар гирифтани хусусиятхои онҳо низ омухта шавад. Гузаронидани таҳлили муқоисавии ҳуқуқии санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, қонунгузории давлатҳои ИДМ(Иттиҳоди давлатхои мустақил) ва ғайри ИДМ бо мақсади муайян намудани мутобиқати қонунгузории миллӣ дар соҳаи мубориза бо коррупсия ба меъёрҳои байналмилалӣ. Омўхтани таҷрибаи мусбати давлатҳои пешрафтаи ғарб дар истифодаи чораҳои маҷмўии пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия, то ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бо коррупсия аз он бомуваффақият истифода баранд. Таҳияи механизмҳои нави ҳуқуқӣ, ки ба истифодаи васеъи имкониятҳои иттилоотӣ барои кам кардани сатҳи коррупсия нигаронида шудаанд. Бо мақсади муайян намудани сабабу шароите, ки ба густариши коррупсия мусоидат мекунанд, дар байни аҳолӣ, инчунин намояндагони мақомоти давлатӣ ва соҳибкорӣ пурсишҳои сотсиологӣ гузаронида шавад.

Ниёзалиева Муборак Хамзалиевна- номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи информатика ва математикаи ҳисоббарори ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров

Нематова Ҳурмат Акбаровна- муаллимаи кафедраи информатика ва математикаи ҳисоббарори ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ