Принсипҳои давлатдории Пешвои миллат

Санаи 16 ноябри соли равон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии тоҷикистон дар факултети математика бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умумӣ чорабинии илмию тарбиявӣ таҳти унвони “Мактаби сиёсии Пешвои миллат” дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида шуд.

Дилшодҷон Музаффаров - декани факултети математика, дотсент ба чорабинӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, дар бораи хизматҳои бузурги Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкил ва эҳёи давлати навини тоҷикон ва дастовардҳои беназири истиқлолият суханронӣ намуд. Сипас, устоди кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умумӣ Аҳрорҷон Убайдуллоев дар мавзӯи “Принсипҳои давлатдории Пешвои миллат” маърӯза намуда, қайд кард, ки нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми 30 соли истиқлолият дар рушду нумӯи Тоҷикистон ниҳоят бузург аст. Мактаби сиёсии Пешвои миллат худ ин як мактаби бузурги давлатдорист. Дар ин даврон орзую ормонҳои ҳазорсолаи халқу миллати тоҷик самараи нек дода, Тоҷикистони навин маҳз бо сарварии шахсияти барҷастаи таърихӣ, фарзонафарзанди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз маҳву парокандашавӣ раҳоӣ ёфта, ба як кишвари ободу зебо, пойдору устувор ва тинҷу ором табдил ёфт. Баъдан дотсенти кафедраи педагогикаи умумӣ Абдуҳаким Шарипов дар бораи хидматҳои барҷастаи Пешвои миллат ва аҳамияти таърихии Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муфассал бо факту далелҳои амиқ суханронӣ намуд.

Дар қисми дуюми чорабинӣ донишҷӯёни курси дуюми факултети математика бо барномаи рангини хеш бо шеъру тарона ва гуфторҳои бузургон дар васфи Президент ва рақсу суруду таронаҳои дилангез ба раванди чорабинии идона нумӯи тоза бахшиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ