Пойдории қонун!
Нафаре ё ҷамъи фардони чаласаводи ҳардамхаёли бодӣ дар ҳамаиҷомеаи башарӣ вуҷуд доштаанд, ки амсоли ҷузъи носолими организми доимо табъи болидаро халалдор сохта меистоданд. Ҷомеа тамаддуновару фарҳангсолори Тоҷикистони соҳибистиқлолу маҳбуби мо низ чун организми устувори нотакрор дар ҷомеаи ҷаҳонӣ бо таҳаммулпазирию андеша, сабуриву дурандешӣ, дурбиниву инсондӯстӣ мавқеи муносибро ишғол намудаасту лекин аз баъзе ҷузъҳои носолимубедаво орӣ нест.
Ноором сохтани вазъи сиёсӣ – иҷтимоии маркази маъмурии вилояти овозадори Бадахшон – шаҳри Хоруғ ва атрофи он аз ҷониби тӯдаи пастфитратон бо сардории Боқири авбош давоми моҳҳои охир боиси сару садоҳои сершумор гардид. Бори дигар барои ҷомеа дӯсту душмани Ватан кӣ буданӣ ашхоси зиёд муайян гардид. Ин қазия чун қоғази лакмус (нишондиҳандаи реаксияи муҳит) вазъи мавҷудаи ҷомеаро инъикос кард ва ҳувайдо сохт, ки давлатдории тоҷикон ва ҳамърайии мардум ба Ҳукуматдорон чӣ тавр пайваставу мароми ягона доранд.
Шаҳодати воқеии ҳамбастагӣ, сарҷамъӣ ва якдилии мардуми кишвар бо сиёсати оқилонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи боздошт шудани авбошигузаро М.Шеров – узви тӯди Боқир мебошад. Мардуми маҳал ин амали мақомоти давлатиро куллан ҷонибдорӣ намуданд ва шукронаи давлатдорӣ мекунанд ва хоҳони пояндагии абадии давлати соҳибистиқлоламон мебошанд. Итминони қавӣ доранд, ки дере нагузашта авбошони паноҳёфтаи дигар низ боздошт хоҳанд шуд ва барои амалҳои ғайриқонуни худ ҷазои муносиб хоҳанд гирифт.
Маротибаи дигар нерӯи созандаю садоқати бепоёни кормандони мақомотҳои қудратӣ ба савганди ёдкардаашон тасдиқи худро ёфту мардум эътимод доранде, ки минбаъд низ ягон ҷинояткор аз ҷазои муносиб орӣ намемонад ва бозуи тавонои қонун ононро маҷбур менамояд, ки рафтору кирдори худ тобеи меъёрҳои қонунӣ намоянд. Чунин амалҳои шоиста бар манфиати ҳаёти орому осоиштаи кишвар аст, моён ҳама якдилона ҷонибдорӣ менамоем.
Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”