Поёни шаби сияҳ сафед

Осоиштагӣ сулҳу амонӣкафили хушбахтии мардум аст. Бо шарофати сулҳ одамон бо хотири ҷамъ баҳри ояндаи дурахшон, баҳри ободии диёру хонадони худ меҳнат мекунанд. Сулҳ беҳтарин неъмати рӯи замин аст. Зеро вақте, ки дар мамлакат оромиву осудагӣ аст, ба назарамон тамоми мушкилиҳои ҷаҳон ҳеҷ менамояд. Чанде пеш воқеаҳое, ки дар Бадахшон рух доданд ҳамаро ба таҳлука андохту душманонро ҳаво дод.Ёдовар мешавем, ки санаи 25-уми ноябри соли 2021 аз ҷониби кормандони мақомоти амнияти ВМКБ дар ҳудуди вилоят амалиёти махсуси дастгиркунии аъзоёни гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, ҷинояткори махсусан хавфнок Зиёбеков Гулбиддин Зиёбекович, санаи таваллудаш 01.06.1992, сокини деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа ва ҳаммаслакони ӯ гузаронида шуд.

Ҳангоми гузаронидани амалиёт Зиёбеков Г.З. ва ҳаммаслакони ҷиноятиаш, ки дар хонаи истиқоматии номбурда қарор доштанд, ба талаботи қонунии кормандони мақомоти амният итоат накарданд ва муқобилияти мусаллаҳона нишон дода, ҷониби онҳо аз таппончаи тамғаи «Макаров»-и ғайриқонунӣ дар ихтиёр доштааш оташ мекушояд, ки дар натиҷа ду корманди амният ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ мебардоранд.

Роҳбарон ва аъзоёни гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии ҳудуди ВМКБ бо мақсади амалӣ сохтани ҳадафҳои ғаразноки худ ҳолати мазкурро тобиши ҷамъиятӣ дода, дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ ба таври ғайриқонунӣ гирдиҳамоӣ ташкил намуданд.

Ин ҳодисаҳои баамаломада ҳангомае шуд барои хоинон. Алалхусусроҳбарон ва фаъолони ташкилотҳои экстремистӣ-террористии “Ҳизби наҳзати ислом”, “Паймони миллӣ” ва “Гурӯҳи-24” дар шабакаи интернетии “Ютуб” ва барномаҳои мессенҷерӣ аз тазоҳуроти шаҳри Хоруғ истифода намуда, тамоми шаҳрвандони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро барои тазоҳурот даъват карданд.

Хушбахтона тантанаи онҳо дер давом накард. Зеро масъалаи мазкур дар доираи салоҳияти мақомоти Прокуратура дар ҳамкорӣ бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санҷиш, арзёбӣ ва ҳаллу фасл карда мешаванд. Тартиботи ҷамъиятӣ дар шаҳри Хоруғ пурра ба эътидол оварда шуд. Ҳамаи нуқтаҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ тибқи реҷаи муқарраршуда кори худро идома дода истодаанд.

Чуноне, ки мегӯянд:

Зи ноумедиҳо басо умед аст,

Поёни шаби сияҳ сафед аст.

Биоишаи Назар

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ