Поёни шаби сияҳ сафед аст
Воқеаҳои рӯзҳои охир, ки дар кишвари ҳамсоя Афғонистон рух дода истодааст ҳамгонро ба ташвиш овардааст. Ин воқеа Тоҷикистони моро низ дар канор нагузошт. Санаи 17 сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе таҳти Раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахустин мулоқоти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор мегардад. Дар ин мулоқот сарони давлатҳо оид ба вазъи сиёсӣ, таҳдидҳои замони муосир, пеш аз ҳама ҳолати кунунии кишвари дӯсту ҳамсояи Афғонистон ва пешгирии тундгароиву ғасби ҳокимияти конститутсионии ин кишвар аз ҷониби “Толибон” ва ҳолати минбаъда, вазъи ҷамеаи азияткашида истодаи он мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.
Дар ин мулоқот намояндагон аз Афғонистон иштирок намекунанд.
Зеро сарвари давлати Афғонистон Ашраф Ғанӣ, ки бо ду дасти адаб мардумашро ба дасти толибон супориду имрӯз худаш берун аз Ватанаш зиндагӣ дорад. Вале мардумонаш имрӯз аз фишори “Толибон” бесару сомонанду дар ғарибиву гурезаги қарор доранд.
Айни ҳол вазъи сиёсии Афғонистон ногувор аст мардум бахусус занон дар кӯчаҳои шаҳр ба эътироз баромаданд то ки ҳуқуқҳои худашонро ҳифз намоянд ва дар ҷамъият баробари мардон кору фаъолият баранд. Толибон ҳатто ҳукм бароварданд, ки занон ио синфи 7-ум дар мактаб таҳсил намоянд ва ба вазифаи муаллими кор намекунанд. Толибон чунин ҳукмҳои номатлубро барои занон бароварданд, ки ин ҳукм дар замони имрӯза басо ваҳшиёна менамояд.
Хушбахтона бо ибтикори Сарвари давлат, Пешвои муаззами кишварамон дар Тоҷикистон мақоми зан болост ва ҳамарӯза занону духтарон баробари мардон дар ҷамъият фаъолият мебаранд.
Мо итминони комил дорем, ки дар ин вохӯрие, ки байни сарони давлатҳо баргузор мегардад ин муаммои ҳамсоякишвар ҳаллу фасл мегардад ва ин рӯзҳои сахту сангин аз сари онҳо дур мешавад.
Биоишаи Назар