ПМТ – ташкилоти экстремистӣ
Пеш аз оне ки дар бораи ин паймони зиддимиллии тоҷикон нависем бояд донем, ки ин ташкилоти терористию экстрамистӣ аз кай зеъри кадом ном кору фаъолият мекард. 26 октябри соли 1991 Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон таъсис ёфтааст ва ҳамон сол расман сапти ном шудааст. Ба гуфтаи бархе аз муаррихон ин созмони терористӣ дар солҳои шӯравӣ аз 20 апрели соли 1973 зери роҳбарии Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, Муҳаммадҷон Ғуфронов бо тахаллуси Қорӣ Муҳаммадҷон, Неъматулло Эшонзода, Холиди Абдусалом ва Қаландар Садруддинов бо номи “Наҳзати ҷавонон” пинҳонӣ кору фаъолият доштааст.
Баъди ба расмият шинохтан роҳбарии ин ҳизбро яке аз чеҳраҳои намоёни сиёсӣ ва мазҳабии Тоҷикистон Муҳаммадшарифи Ҳимматзода ба ӯҳда гирифтааст.
Ин ҳизб арзиш ва аҳдофи худро чунин таъриф дода буданд: “Бо инояти Худованди муттаъол, пайравӣ аз Паёмбари гиромӣ (с) ва эътимод ба нерӯву хиради мардум, ноил шудан ба бунёди ҷомеъаи пешрафта, озода ва босубот, расидан ба волоияти қонун ва адолати иҷтимоӣ, мардумсолорӣ, шистасолорӣ ва каромати инсонӣ бар асоси арзишҳои миллию мазҳабӣ ва умумибашарӣ.”
Дар давраи ҷанги дохилии солҳои 1992-1997 Ҳизби наҳзати исломӣ бо якҷоягии ҳизби демокрти “Лаъли Бадахшон” ба зидди давлат бархост. Ин сабаб шуд, ки аввали соли 1993 Додгоҳи Олии Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизбро дар кишвар манъ кард.
Дар он вақтҳо маркази аслии ин ҳизб ва дигар мухолифони кишвар дар хоки Афғонистон маскун шуда буданд ва онҳо бисёртар дар минтақаи Рашт ва шимолии Тоҷикистон ба нерӯҳои давлатӣ ҳамла мекарданд.
Бади имзои Мувофиқатномаи сулҳи Тоҷикистон моҳи июни соли 1997 шароит барои баргаштани аъзоёни ҳизби наҳзати исломӣ ба кишвар муҳайё шуд. Моҳи августи соли 1999 бошад ба ин ҳизб муяссар шуд, ки бори дуюм ба расмият шинохта шавад.
Баъди дуюмбора ба расмият даромадани ин ҳизб Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари Иттиҳоди мухолифини давлати Тоҷикистон дар анҷумани ҳизби наҳзати исломӣ роҳбари ин ҳизб интихоб гардид.
Баъди фавти Саид Абдуллоҳи Нурӣ 9 августи соли 2006 роҳбарии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба ӯҳдаи Муҳиддин Кабирӣ гузошта шуд.
Ҳизби наҳзати исломӣ бо номзади худ дар интихоботи раёсати ҷумҳури соли 1999 ширкат варзид. Дар интихобот намояндаи ин Ҳизб Давлати Усмон ҳамагӣ 4% овозро соҳиб шуд.
Собиқ ҳизби наҳзати исломӣ мамнуъ дар Тоҷикистон дар се интихоботи парлумонӣ дар солҳои 2000, 2005 ва 2010 низ ширкат варзида дунафарӣ намояндаи худро вориди парлумон кардааст.
Новобаста аз ҳамаи ин ғамхориҳои давлату ҳукумат Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон корҳои ғаразноки худро давом дод ва шаби 6 сентябери соли 2015 ба бо сардории Ҳалимзода исёни мусаллаҳона намуданд хушбахтона ин кори бадхоҳони ватан бенатиҷа анҷомид ва як гурӯҳ кушта ва як гуруҳ дастгир карда шуданд ин боис шуд, ки 29 – сентябри соли 2015 ҳизб пурра аз тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломӣ Тоҷикистон (ҲНИТ) ягона ҳизби динӣ дар минтақаи Осиёи Миёнаро созмони террористӣ эълон намуда ва фаъолияти онро дар дохили кишвар пурра манъ карданд.
Мутассифона ба баъзе роҳбарони ин ҳизби терористӣ муйяссар шуд аз ватан ба давлатҳои Аврупои фирор шаванд.
Нурмуҳаммад Шоҳиён – донишҷӯи ДДХ