​Пирӯзии донишҷӯи донишгоҳ дар санъати муҳорибаҳои омехта

Бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари кишвар мусобиқаҳои мухталифи варзишӣ ташкил ва баргузор гардида истодааст. Боиси шукргузориву фараҳмандист, ки дар зарфи 30 соли соҳибистиқлолӣ дар қатори дигар соҳаҳои ҳаёти кишвар дар самти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ки бахши умдаи сиёсати иҷтимоии давлат ва дар ин замина самти афзалиятнок ба шумор меравад, дигаргуниҳои азим ба вуқуъ омада, варзиш миёни мардум маҳбубияте хосаеро касб намуд. Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар баробари дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани корҳои таълиму тарбия ва иштирок дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ дар мусобиқаҳои варзишӣ низ ширкати фаъолона варзида, сазовори ҷойҳои намоён гардидааст.

Чанде пеш дар шаҳри Истаравшан мусобиқаи кушод оид ба санъати муҳорибаҳои омехтаи ғайрикасбӣ (ММА) байни наврасон, ҷавонон ва калонсолон бо иштироки 100 нафар ҷавонон аз манотиқи гуногуни кишвар ва ҳамчунин варзишгарон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, таҳти унвони “мо варзишгарон зидди экстремизм ва терроризм” баргузор шуд.

Дар ин мусобиқа донишҷӯи соли сеюми ихтисоси мошинаи ҳисоббарор, низомҳо ва шабакаҳои факултети физикаю техника Озод Тоҷибоев дар вазни 70,3 кг иштирок намуда, дар қисм (раунд)-и аввал ҳарифи ӯзбекистониаш Шероз Каримҷоновро мағлуб ва сазовори ҷойи аввал шуда, соҳиби камарбанду ифтихорномаи мусобиқа гардид.

Озод Тоҷибоев дастпарвари клуби варзишии “team Toshboev”-и шаҳри Хуҷанд буда, мураббиёнаш Мубинҷон Тошбоев ва Ғуфронҷон Тошбоев нозукиҳои санъати муҳорибаҳои омехтаро ба ӯ меомӯзонанд. Озод ният дорад, ки маҳорати варзишии худро рушду такмил диҳад ва дар оянда ба мусобиқоти сатҳи байналмилалӣ роҳ ёфта, парчамбардори давлату миллати хеш бошад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ