Пиряхҳои тоҷикистон ва муҳофизати онҳо

Дар факултети муҳандисӣ-омӯзгории донишгощ маҳфили навбатии “Педагог” дар мавзӯи “Пиряхҳои Тоҷикистон ва муҳофизати онҳо” баргузор гардид.

Декани факултет дотсент Неъматзода Муқаддас пиряхҳоро захираи асосии оби соф арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки обшавии босуръати онҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои бағоят манфӣ оварда расонад.

Номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент Толибов Юсуфҷон дар гузориши худ аз ҷумлақайд намуд, кидар куҳҳоо барф то баландихои муайян об мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар кӯҳҳои назди хати истиво хати барфӣ дар баландии 500 метр буда, дар кӯҳҳои Помир аз баландиҳои 5200-5240 метр мегузарад.

Мудири кафедраи педагогӣ ватабиию риёзӣ сармуаллим Бобоев зикр дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пиряхҳоро захираи асосии оби соф арзёбӣ карда, изҳор доштанд, ки обшавии босуръати онҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои бағоят манфӣ оварда расонад.

“Президенти мамлакат таъкид доштанд, ки обшавии пиряхҳои Арктика ва Антарктида боиси баландшавии сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ гардидааст ва ин омил, дар навбати худ метавонад ба ҳаёт ва накӯаҳволии садҳо миллион сокинони Замин, хусусан дар кишварҳои хурди ҷазиранишин ва минтақаҳои наздисоҳилии онҳо, таҳдид ба бор орад. Тибқи иттилои коршиносон пиряхҳои Тоҷикистон босуръат об шуда истодаанд. То имрӯз аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон зиёда аз як ҳазораш комилан об шудааст. Тайи чанд даҳсолаи охир ҳаҷми умумии пиряхҳои кишвари мо, ки зиёда аз 60 фоизи захираҳои обии минтақаи Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд, ба андозаи тақрибан сеяк баробар кам гардидааст” – таъкид шуд зимни ироаи маърӯзаҳо.

Гуфта шуд, ки маҳз бо дарназардошти оқибатҳои вазнини идомаи ин раванд Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Панели сатҳи баланд вобаста ба масъалаҳои об ва иқлим пешниҳод намуданд, ки соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон гардида, санаи мушаххаси «Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо» муқарраршавад.

Дар кори маҳфилҳамчунин дотсентон Қаюмова Фирӯза, Ҳакимова Шоира, Аҳлиллоев Турдимурод, Мамадҷонов Самеъҷон ва Шоҳҳусейнзода Шоҳруз мубодилаи афкор намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ