​Пешвои миллат ва Иҷлосияи тақдирсоз

Бо чунин унвон дар китобхонаи факултети забонҳои шарқ конфронси илмӣ-назариявии устодону донишҷӯёни факултет доир гардид. Ин иқдом бахшида ба 30 солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуд.

Роҳбарии конфронсро мудири кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойӣ дотсент Қосимова Марҳабо ва декани факултет дотсент Ислом Раҳимов бар ӯҳда доштанд.

Мудири кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойӣ дотсент Қосимова Марҳабо конфронсро ифтитоҳ бахшида, иштирокчиёнро бо ҳадаф ва рӯзномаи он шинос намуд.

Дар доираи конфронс декани факултет, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ислом Раҳимов таҳти унвони “Нақши асарҳои Пешвои миллат дар тарбияи ҷавонон”, мудири кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойӣ Қосимова Марҳабо дар мавзӯи “Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва мактаби давлатсозии Пешвои миллат” ва дотсенти кафедраи кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойӣ Очилова Меҳринисо перомуни мавзӯи “Чеҳраҳои мондагор” маърӯзаҳо ироа карданд.

Таъкид гардид, ки соли 1992 Иҷлосияи таърихиву тақдирсози ХV1 Шӯрои Олӣ дар пойтахти давлат не, балки дар шаҳри Хуҷанд даъват шуд. Имтиҳони таърихӣ дар назди вакилони Шӯрои Олӣ масъалаи наҷоти миллат ва давлатро дар интихоби дурусти роҳбари нав гузошта буд.

Маърўзаҳои устодон аз ҷиҳати маънову мундариҷахеле баландғояву пурмуҳтаво ва фарогири мавзуъҳои ҷолиб буданд.

Перомуни мавзӯи «Чеҳраҳои мондагор» зикр гардид, ки китоби мазкур маҳсули андешарониҳои амиқи муаллиф доир ба таъриху фарҳанги бисёрасраи халқи тоҷик мебошад. Муаллиф доираи васеи масъалаҳои муҳими ҳоло наомӯхтаи таъриху тамаддуни халқи тоҷик ва чеҳраҳои баргузидаи онро ба риштаи таҳқиқ кашида, мероси пурғановати фарҳангӣ ва марҳилаҳои асосии тақдирсози таърихи гузаштаро, ки дар ташаккули худшиносии миллӣ нақши бориз доранд, мавриди баррасии амиқ қарор додаст.

Бо музокира ва табодули афкор конфронс ҳусни анҷом пазируфт.


Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ