​Пешвои миллат, сиёсати забон ва масъалаҳои такмили таълими забони давлатӣ

Таҳти ин унвон дар кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики факултети филологияи тоҷик мизи мудаввар баргузор гардид.

Профессор Абдуқодиров дар мавзўи «Мафҳуми сиёсати давлатии забон ва ташаккули он дар Тоҷикистон» маърӯза намуд. Номбурда иброз дошт, ки давлат дар ҳамаи давру замонҳо ба мақом ва манзалати забон ҳамчунмероси арзишманди ниёгон, воситаи муҳими ҳокимият ва ҷомеа аҳамият медиҳад.

Таъкид гардид, ки яке аз комёбиҳои арзишманди соҳаи илму фарҳанг дар Тоҷикистон ташаккул ёфтани сиёсати забон мебошад.

Дар идома дотсент Аҳмадов оид ба масъалаи истиқлолият ва мақоми забони тоҷикӣ мулоҳизаронӣ намуд. Иттилоъ дода шуд, ки ҷиҳати таҳқиқи раванди ташаккули сиёсати забон дар Тоҷикистон аз ҷониби устодони донишгоҳ ду китоб интишор ёфтааст, ки «Пешвои миллат ва сиёсати забон дар Тоҷикистон» ва «Сиёсати забон дар Тоҷикистон: мавқеи таълими забонҳои хориҷӣ» ном дорад.

Гуфта шуд, ки дар китобҳои мазкур масъалаҳои таълими забонҳои хориҷӣ дар заминаи забони такягоҳӣ,яъне тоҷикӣ, алоқамандона бо усулҳои муосири таълим мавриди таҳқиқ қарор дода шудааст.

Мудири кафедра дотсент Ҳакимова Шоира доир ба мавзўи «Марҳалаи нав дар ташаккули забон» баромад намуда, марҳилаҳои таҳаввули забони давлатиро дар Тоҷикистон дар солҳои истиқлол баррасӣ намуд.

“Инъикоси арзишҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии забони тоҷикӣ дар Паёми Эмомалӣ Раҳмон” аз ҷониби дотсент Пўлодова шарҳ ёфт.

Ҳамзамон, як қатор устодони кафедра оид ба мақоми забони тоҷикӣ чун забони давлатӣ андешаҳои худро ироа карданд.

Муовини декан оид ба илм ва инноватсия дотсент Сорбон Азизов аз мизи мудаввар натиҷагирӣ карда, татбиқи сиёсати забон ва такмили таълими забони давлатиро, махсусан, барои омўзгорони фанҳои забон ва адабиёти тоҷик рисолати асосӣ унвон намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ