​Пешвои миллат – маорифпарвари ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол

Пешвои миллат – маорифпарвари ҳақиқии ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд ва масъалаи мазкур дар меҳвари диққати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Боиси сарфарозист, ки ҷомеаи тамаддунофари мо бо роҳбари хеш рӯз ба рӯз ба илму маориф, омӯзиши забонҳои англисиву русӣ аҳамияти беандоза медиҳад.

Аз ин ҷост, ки ҳамасола санаи 1-уми сентябр чун анъана дар тамоми муассисаҳои таҳсилотӣ, чорабинии идона баргузор шуда, рӯзи соли нави дониш бо Дарси сулҳ оғоз меёбад. Дар Тоҷикистон Рӯзи дониш баробари дарси сулҳ арзиши баланд дорад. Шогирдони донишгоҳҳо, коллеҷу, муассисаҳои таълимӣ, устодону волидон ин санаи фархундаро бо шодиву хурсандӣ истиқбол мегиранд ва суханронии Пешвои миллат аз тариқи телевизион тамошо мекунанд. Мафҳуми дониш барои халқи мо аз замонҳои қадим то имрӯз як ҷузъи муҳимтарини маънавиёт ба ҳисоб рафта, бузургони гузашта донишро чароғи ақл ва ҷавшани ҷисм донистаанд, ки дар ин радиф ҷомеаи Тоҷикистон бо суханҳову дастурҳои Пешвои миллат ҳамоҳанг мебошад.

Президенти кишвари мо Эмомалӣ Раҳмон ба тарғиби тавсиф эҳтиёҷ надоранд. Зеро дар таърихи давлатдорӣ ва шоҳсолорӣ кам касоне ба мисли Пешвои тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон мардумро ба ояндаи нек раҳнамоӣ кардаанд. Ин абармарди миллат, забардасти миллат, тоҷдори миллат ва Пешвои миллат тавонистанд бо неруи созанда, ақли солим, далерию ҷасурӣ, матонату кордониашон миллатро аз вартаи ҳалокат наҷот диҳанд. Имрӯз Тоҷикистон ба симмати давлати шинохтаи ҷаҳон ва Сарвари он ба ҳайси ташаббускори байналмилалӣ дар арсаи ҷаҳон эътироф гардидаанд.

Бидуни ҳеҷ тамаллуқ, бидуни ҳеҷ манфиат, ба хотири баёни ҳақиқат ва иҷрои рисолати инсонӣ ин лаҳзаҳо таърихи пурфоҷиаи миллати хешро бо садои парокандаи фарзандони барӯманди халқи тоҷик, ки дар замони бедавлатии хеш ба бедавлатон давлатдорӣ омӯхта, ба бефарҳангон фарҳангу адаб дода, бо мушти хоку забони шевои ашъори гуҳарбори тоҷикӣ дар паҳноҳои мухталифи олам берун аз Ватан бо орзую омоли ватандорӣ дар ғарибӣ чашм ба хоби абад рафтаанд, пеши назар меорем.

Эмомалӣ Раҳмон ҳастиву вуҷуд ва қалби миллати тоҷиканд. Мо бояд он касро мисли гавҳараки чашм азизу гиромӣ дорем. Худованд барои мо чунин шахсиятеро ато кардааст, ки он кас дар ҳақиқат маорифпарвар мебошанд.

Аз ҳама муҳимаш, Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд маҳбубияти халқу миллатро ба даст оваранд.

Аз ин ҷост, ки ӯ ҳамасола дар Рӯзи дониш бо намояндагони илму маориф, мактабу донишгоҳҳо вохӯриҳо баргузор менамоянд. Имсол низ ӯ дар баромади хеш доир ба маорифу маданият таваҷҷуҳ намуда, онро асоси ҳастии миллат эълон намуданд.

Ҷаноби Олӣ дар баромади хеш ҳамчунин ба омӯзиши забони русӣ аҳамият дода, соли 2023-ро соли забони русӣ эълон карданд. Инчунин ӯ ҳамроҳи Президенти Федератсияи Русия дар кушодашавии мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон ба таври маҷозӣ иштирок карданд. Бояд тазаккур дод дар кишвари мо панҷ мактаби нави русӣ кушода шуд.

Ин маънои онро дорад, ки Пешвои миллат ба масъалаи маориф аҳамияти беандоза медиҳанд ва кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки илми тоҷик ҳамеша дар ҳоли рушд қарор дошта бошад.

Шаҳобиён Ш.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ