​Пешвои Миллат - бунёдгузори сулҳи тоҷикон

Таҳти чунин унвон дар толори факултети таърих ва ҳуқуқ конференсияи илмӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи таърихии 16- уми Шӯрои Олӣ баргузор гардид.

Конференсияро декани факултет дотсент Ҷабборов Иброҳим ифтитоҳ намуда, афзуд

ки Пешвои миллат роҳнамову ҳомии ҷавонон буда, дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон нақши муассир мегузоранд.

Инчунин, дар конференсия профессор Набиев Ваҳоб ширкат варзида, нақши Пешвои миллатро дар эҳёи Ваҳдати миллӣ бузург ва муассир хонданд.

Дар рафти конференсия донишҷӯи курси 3 - юм Турдиев Сӯҳроб дар мавзӯи "Қатрае аз ҳаёт ва дастовардҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон" маърӯза намуд.

Хотиррасон мекунем, ки дар донишгоҳ силсилаи чарабиниҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ бахшида ба рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.

Ҷонибек Турсунов

аъзои маҳфили "Нерӯи сухан "

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ