Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб
Тибқи ақидаи коршиносон ва таҳлилгарон ҳоло беш аз 18 ҳизбу ҳаракат ва гурӯҳҳои террористию экстримистӣ ва радикалӣ дар қаламрави Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон ба тақрибкорӣ, ҷудоиандозӣ ва дигар амалиётҳои ифротӣ машғуланд. Аз соли 2006 то ба имрӯз Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳалномаи худ беш аз 15 ҳизбу ҳаракатҳоро ҳамчун ташкилотҳои террористию экстремистӣ ҳисобида, фаъолияти онҳоро дар қаламрави ҷумҳурӣ манъ намудааст, аз ҷумла: “ал-Қоида”, “Ҳаракати исломии Ӯзбекистон”, “Ҳаракати Толибон”, “Бародарони мусулмон”, “Лашкари Тайба”, “Гурӯҳи исломӣ”, “Ҷамъияти таблиғ”, “Созмони таблиғот”, “Тоҷикистони озод”, “Ҳизб-ут-таҳрир”, “Ансоруллоҳ”, “Ҷараёни ифротии салафия”, “Давлати исломӣ”, “Ҷабҳат-ун-нусра”, “Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон”. Ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии номбаршуда, танҳо дар ном гуногун буда, мақсад, роҳҳои ҷалб кардан ва нияту нақшаҳои якхела доранд. Мақсади ниҳоии онҳо ғасби ҳокимият, тағйир додани сохтори конститутсионӣ ва бунёди давлати исломӣ мебошад. Дар асоси ҳалномаҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2001 фаъолияти “Ҳизб‐ут‐Таҳрир” ғайриқонунӣ амалкунанда эътироф карда шуда, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст. Инчунин бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2006 ташкил“Ал‐Қоида”, “Ҳаракати Туркистони шарқӣ”, “Ҳизби исломии Туркистон”, “Ҳаракати Толибон”, “Бародарони мусулмон”, “Лашкари Тойиба”, “Гурўҳи исломӣ”, “Ҷамъияти Исломии Покистон”, “Ҷамоати таблиғ”, ташкилоти динӣ‐миссионерии “Созмони таблиғот”, “Тоҷикистони озод”, “24 бародарон”, «Ҳизби наҳзати ислом», «Салафия», «Ансороллоҳ», «Ҷундуллоҳ», ва «Давлати исломӣ» мебошанд, ки фаъолияти ташкилотҳои зерин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст.Ташкилотҳои зерин террористӣ ва экстремистӣ дониста шуда, фаъолияти онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст. Пешвои муаззами миллатамон махсусан якчанд маротиба дар хусуси гурӯҳҳои хусусияти террористиву экстремистӣ дошта, истода гузаштанд. Ин бесабаб нест, имрӯз ҳодисоти ҷаҳон моро бори дигар ҳушдор месозад, ки бо ин амалҳои номатлуб муборизаи беамон бурда бошем. Бо дарназардошти баланд будани хавфнокии кирдори мазкур ба ҷамъият, ин амалҳо ҷавобгарии ҷиноятиро дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд. Таҳлили сабабу шароитҳои ба ин ҳолатҳо мусоидаткунанда нишон медиҳанд, ки яке аз омилҳои пешгирии гаравидани шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ роҳ надодан ба таҳсили ғайрирасмии ҷавонон дар муассисаҳои динии хориҷи кишвар мебошад. Дар ин радиф, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд ба ҳисоб меравад. Чунки яке аз сабабҳои шомил шудани ҷавонон ба иттиҳодияи ҷиноятӣ дар муҳити носолим тарбия ёфтан, аз ҷониби падару модарон ва шахсони онҳоро ивазкунанда фароҳам наовардани шароитҳои зарурии моддӣ, молиявӣ, маънавӣ ва рӯҳӣ, заифии таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии алоҳида мебошад. Дар радифи сабабҳои дохилӣ, инчунин, омилҳои беруна низ бетаъсир нестанд, ки инҳо намоиши филмҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, паҳнкунии ғояҳои ифротгароӣ тавассути шабакаи ҷаҳонии интернет мебошанд. Имрӯз бояд ҳар яки мо дарк кунем, ки ин гурӯҳҳои хусусияти террористиву экстермистӣ дошта, мақсадҳои нопок доранд. Барои ҳамин ҳам, бояд ҳар яки мо бо ин хатарҳо мубориза барем, ки паст будани савияи дониши ҷавонон, аз нигоҳи мафкуравӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва динӣ тайёр набудани онҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ, майлу хоҳиши ба даст овардани маблағи муфт, ки онро новобаста ба ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқовимат ба экстремизм ва терроризм мавқеи устувор дошта, таҷрибаи ғанӣ касб намудааст ва дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо мақсади мубориза алайҳи ин амалҳои номатлуб дар кишвари мо заминаҳои меъёрии ҳуқуқии мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар ин давра самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи таъмини амнияти миллӣ ва мубориза бо терроризму ифротгароӣ, пеш аз ҳама ташаккули заминаҳои меъёрӣ–ҳуқуқии пешгирӣ ва муқовимат бо ин омилҳои номатлуб ҷомеаро фаро мегирад.
Ҳанӯз аз оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон хатари ин зуҳуроти даҳшатафкан эҳсос гардида буд. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд, “Дар он айём ниҳодҳои терроризми байналмилалӣ ва ифротгароён кишвари моро ба саҳнаи озмоиши қудрати маргбори худ ва ҳадафи ғаразҳои зиддиинсонӣ табдил дода буданд. Дар натиҷаи бесарусомониҳо ва ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ садҳо ҳазор нафар шаҳрвандони мо кушта шуда, беш аз як миллион нафар мардуми осоишта бехонумону фирорӣ гардиданд. Бо вуҷуди ин, мо дар асоси имконоти тамаддун ва фарҳанги қадимаи хеш тавонист Дар марҳилаи ҳозира маводи паҳнкардаи душманони миллат нишон медиҳад, ки ҳадафи онҳо ба ҷуз барангехтани ҳисси нобоварӣ нисбат ба давлату ҳукумат ва тафриқаандозӣ миёни афроди миллат дигар чизе нест. Вагарна бо чӣ сабаб аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоии ватан канорҷӯӣ мекунанду монанди аксари шаҳрвандони мамлакат дар рушди кишвари худ ширкат намеварзанд, меҳнат ва эҷод намекунанд, дар паноҳи дигарон ҷой гирифта, аз каноре айбҷӯиву харобакориро пеша карданд. Дар зери шиорҳои бофтаву хаёли фирефтаи таълимоти «гӯё динӣ» гашта, ба амалҳои низоъпарастӣ, ифродгароӣ ва террористӣ ҷавононро даъват намуда, амалҳои бади худро бо номи «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» ташбеҳ мекунанд ва мехоханд бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд, яъне нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд, аниқтараш супоришҳои пешвоён ва сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд.ем, ки муколамаи васеъро ба роҳ монда, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро таъмин кунем па Бинобар ин мо – шаҳрвандони кишвар, омӯзгорон, мураббиён ва дигар фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият истиқлолияти худро натанҳо бо шиору гуфтор ситоишу парастиш, балки бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, бепарво ва масъулиятношинос набошем ва барои таълиму тарбияи наврасон, ҷавонон дар руҳи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем.йравони гурӯҳҳои тундрав ваъда мекунанд, боиси фирефта шудани . Дар шароити ҷаҳоншавию душвор гардидани муносибатҳои байналмилалии сиёсию иқтисодӣ ба масъалаҳои ҳифзи симои миллию мазҳабӣ, пос доштани арзишҳои маънавӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ-сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар, хусусан ҷавонон диққати махсус зоҳир намудан ба мақсад хеле мувофиқ аст.
Кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа