​Педагогика: аз маҳфил то мулоқоти судманд

Дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус давоми ҳафта як қатор чорабиниҳои судманд доир гардиданд.

Аз ҷумла, дар доираи ин ташаббус маҳфили «Табиатшиносон ва омӯзгорони эҷодкори оянда» ва «Табиатшиноси ҷавон» баргузор шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки ин иқдом ба муносибати 90 – умин солгарди таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров роҳандозӣ шуданд.

Декани факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус дотсент Усмонзода Даврон зимни ифтитоҳи маҳфил дар мавриди аҳамият ва зарурияти эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ибрози назар намуд.

Ҳамзамон, перомуни роҳи тайкардаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров давоми 90 соли фаъолият андешаҳо ироа шуданд.

Дар идомаи ин маҳфилҳо дар факултет инчунин бо донишҷӯёни хориҷӣ низ мулоқот анҷом пазируфт.

Иттилоъ дода шуд, ки дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус дар шуъбаи рўзона 18 нафар донишҷўёни хориҷӣ таҳсил менамоянд.

Шароити таҳсил, вазъи иқомат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушкилот ва камбудиҳо дар ин самт, пардохти маблағи шартнома, риояи низомномаи донишгоњ ва дастурамали либосҳои тавсиявӣ аз мавзуъҳое буданд, ки дар доираи ин мулоқот баррасӣ ёфтанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ